Таърихи умуми (синфи 7) Apk

Таърихи умуми (синфи 7) iconShow qr code
Таърихи умуми (синфи 7) qrcode
Follow UpdatesRequest Updates

0

0 votes, 0/ 5
Download Now

Таърихи умуми (синфи 7) v1.0 Apk screenshots

Таърихи умуми (синфи 7)Таърихи умуми (синфи 7)

The description Таърихи умуми (синфи 7) Apk

Хонандагон аз таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна оид ба
пайдоишу ташаккули давлат ва ҷомеа дар он замонҳо аллакай маълумот
доранд. Он вақт олоти меҳнат такмил ёфта, маданияти моддию
маънавии ҷомеа хеле пеш рафта буд. Чунин маълумотҳоро хонандагон
ба таври мушаххас ҳангоми омӯзиши таърихи давлатҳои дунёи
қадим -Сумеру Акад, Бобулу Ошур, Ҳиндустону Чин, Мисру Хеттҳо,
Финиқияю Фаластин, Ҳахоманишиёну Бохтар, Хоразму Урарту,
Юнону Рим, давлатҳои асримиёнагии Сосониёну Руси Киев, Эрону
Арабистон, Олмону Италия, Византияю Туркия ва давлатҳои дигар
ба даст оварда, барои омӯзиши таърихи нав замина гузоштаанд.
Дар фарорасии давраи нави таърихи башар маданияти Эҳё,
кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ, Реформатсияи Аврупо, империяи Византия,
инқилоби буржуазии Нидерландия ва инқилоби буржуазии Англия
саҳм гузоштаанд. Лекин сабабгори асосии пайдоиши давраи нав
маданияти Эҳё мебошад. Давраи Эҳё имконият дод, ки муносибатҳои
сармоядорй ба вуҷуд оянд. Пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ ба
инсоният кашфиётҳои бузурги ҷуғрофиро ҳадя намудааст.
Китоби дарсии мазкур аз пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ,
кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ва инқилоби буржуазии Нидерландия
оғоз ёфта, дар миёнаи асри XIX хотима меёбад.
Ҳар як давраи таърихӣ нишонаю хусусиятҳои хоси худро дорад,
аз он ҷумла давраи нав низ. Дар охири асрҳои миёна ва оғози давраи
нав мардуми Аврупо ба маданияти антиқа рӯ оварданд. Дар ин қитъа
давлат аз тобеияти калисо ва дин озод мешавад. Аз асрҳои ХУ1-ХУП
сар карда оҳиста-оҳиста ҷойи истеҳсолоти сехӣ-косибиро истеҳсолоти
мануфактурӣ ишғол мекунад. Дар асри XVIII бошад, мошинҳои механикии
пурмаҳсули корӣ ихтироъ ва дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд.
Дар нимаи дуюми ин аср, дар мамлакатҳои пешқадами Аврупо,
пеш аз ҳама, дар Англия табаддулоти саноатӣ ба амал меояд, ки
он ба ҳаёти ҷомеа таъсири калон мерасонад. Дар натиҷаи ин раванд
гурӯҳҳои иҷтимоии нав - корчалонҳо, соҳибкорон, бонкдорон, коргарони
кироя ва зиёиёни буржуазӣ ташаккул меёбанд.
Пешрафти неруҳои истеҳсолкунанда қариб дар ҳамаи давлатҳои
пурқуввати феодалй буҳрони иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Тар-
зи феодалии идораи давлат ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба неруҳои
истеҳсолкунандаи нав ва табиати табақаҳои ҷадиди иҷтимой
мувофиқат намекарданд. Акнун дар муқобили ҳокимияти истибдоди
асримиёнагӣ неруҳои ҷадиди ҷомеа меистоданд. Онҳо дар истеҳсолот,
тиҷорат ва маънавиёт озодии шахсро талаб мекарданд.
Дар асрҳои ХУ1-ХУШ дар Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо
неруҳои истеҳсолкунанда ниҳоят суст пеш мерафтанд. Дар ин давра,
махсусан дар таркиби иҷтимоии ҷомеа ва низоми идораи давлатии
мамлакатҳои Осиё ва Африқо қариб тағйироте ба амал наомад.
Ин ҳолат ба давлатҳои абарқудрати Аврупо ва ИМА бартарии комил
муҳайё сохт. Онҳо метавонистанд давлатҳои сустро бе мушкилии
зиёд ба мустамликаҳои худ табдил бидиҳанд.
Баъди табаддулоти саноатии нимаи дуюми асри XVIII неруҳои
истеҳсолкунандаи давлатҳои абарқудрати Аврупо ва ИМА чунон
пеш рафтанд, ки майдони фаъолияти онҳо дар дохили давлат тангй
кард. Ин ҳолат ба сиёсати хориҷии онҳо таъсири бевосита мерасонид.
Ба иттиҳодияҳои инҳисорй (монополистӣ) муяссар гардид, ки
барои ба даст даровардани бозорҳои молфурӯшй, манбаъҳои ашёи
хом ва захираҳои қувваи арзони корй сиёсати хориҷии давлатро
тағйир диҳанд. Ҳамин тариқ, давлатҳои сармоядори ба давлатҳои
империалистӣ сабзида расида, манфиатҳои ширкату бонкҳоро ҳимоя
мекарданд.
Барои давлатҳои империалистӣ Амрикои Лотинӣ, Осиё ва
Африқо ҷойҳои сердаромад буданд. Англия, Фаронса, Олмон, Италия,
Ҳоланд, Русия ва баъзе давлатҳои дигар дар ин қитъаҳо ба забти
мустамликаҳо шурӯъ карданд. Агар дар асрҳои ХУ-ХУШ баъзе
давлатҳои Аврупо, ба монанди Испания, Португалия, Ҳоланд ва Англия
ба як қатор давлатҳои Осйё ва Африқо сар дароварда бошанд,
пас дар асри XIX ба мустамлика табдилёбии мамлакатҳои қитъаҳои
мазкур ба таври оммавй сурат гирифт.
Дар натиҷаи фаъолияти ширкатҳо ва бонкҳои хориҷй дар
мамлакатҳои мустамлика қувваҳои истеҳсолкунанда то як андоза
пеш рафта, неруҳои сиёсии миллиро ташаккул доданд.

Таърихи умуми (синфи 7) 1.0 APK Download BoxBack top

  • 1.0
  • Android 4.0.x - Ice Cream Sandwich (SDK: 14)
  • July 15, 2018
  • 1B6468BB3A25BC6A08A1CDCB21AA1EED1E0E066B
  • 6a99618d4859b683c7f4304caaf7c951
  • View Permissions
Social Networks