Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 icon

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

★★★★★
★★★★★
(4.61/5)

1.0Free6 years ago

Download Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 4.07 MB (4,267,333 bytes)
Developer AndroidTJ1
Category Apps, Books & Reference
Package Name tj.android.edoshtho1
OS 2.3 and up

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 APPLICATION description

Aynӣ S. Oddoshtҳo, қ. 1
Пора аз китоб:
ДАРОМАДИ СУХАН

Азбаски зиндагонии кӯдакӣ ва хурдсолии ман дар саҳро, асосан дар ду деҳа гузаштааст ва ин деҳаҳо аз ҳам дур буда, аз ҷиҳати ободонӣ маданият ва урфу одат аз ҳам фарқ доштанд, ман мехоҳам Реш аз сар кардани ёддоштҳои худ дар бораи ин ду деҳа як қадар маълумоти географӣ, этнографӣ ва тарҷимаиҳолӣ дода гузарам, то ки фаҳмидани ҷойи ин ёддоштҳо барои хонандагон осонтар шавад.
1. Деҳаи Соктаре. Ин деҳа аз тобеоти райони Ғиждувон буда, як фарсах - 8 километр дуртар аз маркази район ва дар тарафи шарқии он, дар канори дарёи Зарафшон воқеъ аст.
Азбаски ин деҳа дар наздикии дарёи Зарафшон воқеъ шудааст ва аз байни деҳа ҳам ба номи Мазрангон як ҷӯйи калон мегузарад, сероб ва обод буда, бештарини ҳавлиҳояш рӯйидаричадор чорбоғнок ва Рурмева аст. Заминҳои ин деҳа ҳосилхез буда, дар онҳо киштҳои гуногун мерасиданд ва аз шолӣ гирифта то сабзавот, ки киштҳои серобталаб мебошанд, дар деҳа кишта мешуданд.
Бошандагони ин деҳа аз ҷиҳати ирқ ба номи тоҷикон, арабон, урганҷиён ва хоҷагон - асосан ба чор ҷамоа тақсим ёфта, хоҷагон ба номи миракониҳо, сайидатоиҳо, ғиждувониҳо ва соктарегиҳо - чор қабиларо ташкил медоданд.
Аҳолии аслӣ-қадимии ин деҳа тоҷикон ва хоҷагони соктарегӣ буда, урганҷиён аз Урганҷ, миракониён аз Машҳад, ғиждувониён аз қалъаи Ғиждувон, сайидатоиҳо аз Сайидато ном деҳаи райони Шофирком муҳоҷир шуда омадагӣ буда, арабҳо аз боқимондагони муҳоҷирони араб ба шумор мерафтанд.
Забони аҳолии ин деҳа асосан тоҷикӣ буда, аз хоҷагон сайидатоиҳо ӯзбекӣ гаР мезаданд ва бар хилофи одати арабони дигар, арабони ин ҷо ҳам бо забони ӯзбекӣ гуфтугузор менамуданд.
↓ Read more
Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 screen 1 Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 screen 2 Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 screen 3 Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 screen 4 Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1 screen 5