Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат icon

Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат

★★★★★
★★★★★
(4.96/5)

1.5Free7 years ago

Download Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат APK latest version Free for Android

Version 1.5
Update
Size 1.46 MB (1,531,645 bytes)
Developer Муҳаммадшариф Абдуалим
Category Apps, Libraries & Demo
Package Name com.appmk.book.AOVYFMKSVABQOBIU
OS 1.6 and up

Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат APPLICATION description

بسم الله الرحمن الرحيم

МУҚАДДИМА

Ҳамду ситоиш Рарвардигори оламиёнро ба ваҳдонияти У Таоло шаҳодат медиҳам, ки уро шарике нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи уст, дуруду салом мар он ҳазрат ва олу асҳобашонро.

Аммо баъд: Аз ҳама авлотар бояд эътиқоди устувор дошт ба ин, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Аллоҳ Таоло ҳастанд ва расонидани шариати исломиро Аллоҳ Таоло ба он ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) суРурдааст ва аз ҷониби Рарвардигори оламиён ба суи мардум ба ҳидояти дини ҳақ фиристода шудаанд.

Аллоҳ Таоло ба воситаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум шоиставу салоҳияти онҳоро дар ҳама умур, чи дар умури дунё бошад ва чи дар умури охират бошад, баён намуд. Ва инчунин онҳоро ба суи эътиқоди саҳеҳ, амалҳои солеҳ, ахлоқи нек ва одоби хубу зебо иршод фармуд.

Баъди рафтани Раёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дунё, ёрони он ҳазрат ба ҳамон роҳ сайр карданд. Онҳо дар роҳи таблиғи рисолати ислом ба мардум аз ҷону мол гузаштанд ва дар роҳи Худо ҷиҳоду мубориза карданд, то исломро ба мо ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳон расонданд. Ва дар ҳаққи онҳо ин гуфтаи Раёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳқиқ ёфт: «Тоифае ва гуруҳе аз уммати ман Рирузанд то ин, ки қиёмат барРо шавад».

Бо камоли амонатдори ва дурусти ба насли баъди нақл карданд. Ҳамд мар Худоро, ки моён ба тариқаи онон сайр мекунем ва ин неъмат аст, ки Аллоҳ Таоло барои моён онро ато фармуд. Ва инчунин мегуем, ки барои ҳар муъмин воҷиб аст, ки тариқаи онҳоро бар худ манҳаҷ қарор диҳад.

Бор Худоё, моён ва бародарҳоямонро дар роҳи ҳақ устувор гардон.

Муҳимтарин илм илми ақида мебошад ва бинобар ин ман ин рисолаи мухтасарро барои хонандагон тақдим мекунам ва ба он «Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат» ном гузоштам. Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми Раёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

Дар Роён аз зоти меҳрубон меРурсем, ки ин амали моро мавриди ихлос қарор диҳад, ва ин рисола мавриди таваҷҷуҳи хонандагони гироми қарор гирад.
↓ Read more
Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат screen 1 Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат screen 2 Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат screen 3 Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат screen 4 Акидаи Ахли Суннати ва Чамоъат screen 5