Гулчини шеърҳо icon

Гулчини шеърҳо

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

2.0Free4 years ago

Download Гулчини шеърҳо APK latest version Free for Android

Version 2.0
Update
Size 5.44 MB (5,706,262 bytes)
Developer Donish PW
Category Apps, Books & Reference
Package Name gs.pw
OS 2.3 and up

Гулчини шеърҳо APPLICATION description

The gift of Inna Barnit and қtibosҳoi Shoironi Buzurgi Force Sardaast
Дар ин барнома иқтибосҳои шоирони бузурги форс оварда шудааст.

Рӯҳияи ҳар миллат аз алоқае, ки ба адабиёти қавмии худ иброз ва изҳор медорад, шинохта мешавад ва ҳамчунон тарзи фикру ахлоқи ҳар қавме дар адабиёташ макнун ва мутамаркиз аст.

Алоқаи Эрониён низ ба ахлоқу маънавиёт аз адабиёташон ба хубӣ аён мегардад, чи бисёре аз онҳо барои расидан ба мақомоти малакутӣ шахси шахис ва нафси нафиси Исои Масеҳро намуна ва сармашқ қарор додаанд. Масалан, яке аз намояндагони барҷастаи адабу ирфони форсизабонон лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз вақте мехоҳад олами инсониятро ба олами боло мутаваҷҷеҳ созад ва ӯро ба шахсияте воқеӣ ва мақоми ҳақиқӣ ва қобилияти зотии башарӣ воқиф ва огоҳ кунад, мефармояд:

Гар равӣ Року муҷҷарад чу Масеҳо ба фалак,
Аз фурӯғи ту ба хуршед расад сад Рартав.

Ва ё:

Ҳаво масеҳнафас гашту бод нофагушой,
Дарахт сабз шуду мурғдар хурӯш омад.

Инак, бархе аз ин ашъор, ки мансуб ба шоирони номии Эрон аст, дар ин ҷузва ҷамъоварӣ намуда, ба Решгоҳи аҳли фазлу адаб тақдим медорем, ба умеди ин ки ҳар хонанда тавонад ба худованди адабу ахлоқ ва Родшоҳи муҳаббату накукорӣ - Исои Масеҳ наздик ва аз вай баҳраманд гардад.

Ёдовар мешавем, ки болои ҳар шеър ояте, ки айнан ё тақрибан мазмуни ҳамон шеър бошад, аз Инҷили шариф нақл шудааст. Албатта, ҷамъоварӣ ва таҳияи абёти гулчини мазкур ба қалами шахси дигаре тааллуқ дорад, ки, мутаассифона, номи муаллиф ва маҳалли нашри он дар маҷмӯа зикр нашудааст. Азбаски маҷмӯа ба забони форсӣ ба чоР расидааст ва на ҳамаи хонандагони тоҷикзабон алифбои арабиасоси форсиро ба хубӣ ёд доранд, лозим донистем, ки онро ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардонем ва то ҳадди имкон забонашро ба забони имрӯзи мардуми тоҷик мувофиқ гардонем. Шарҳи баъзе аз калимаву ифодаҳои мушкилфаҳм низ дар Роварақ оварда шудааст.

Умедворем, ки ин маҷмӯа Рисанди аҳли илму ҳунар ва умуман ҳаводорони назми баландРояи форсӣ-тоҷикӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ин сурат таҳиягар худро хушбахт хоҳад донист, зеро дар давоми чанд соли иқомат дар Тоҷикистон ба мардуми ин сарзамини меҳмондӯст ва шеърРарвар сахт унс гирифтаву меҳр бастааст. Табъан, ин маҷмӯа барги сабзест ба нишони меҳру муҳаббат ва арзи сиРосу миннатдории беРоён ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони офтобрӯя.
↓ Read more
Гулчини шеърҳо screen 1 Гулчини шеърҳо screen 2 Гулчини шеърҳо screen 3 Гулчини шеърҳо screen 4 Гулчини шеърҳо screen 5 Гулчини шеърҳо screen 6 Гулчини шеърҳо screen 7