Китоби Киссахои Куръони бо забони точики icon

Китоби Киссахои Куръони бо забони точики

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Китоби Киссахои Куръони бо забони точики APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 3.70 MB (3,875,472 bytes)
Developer Китобхои Исломи
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.qissahoi.quroni
OS 4.0 and up

Китоби Киссахои Куръони бо забони точики APPLICATION description

<>
Пешгуфтор

Худованди меҳрубон бандагони худро бидуни ҳадаф ва мақсади муайян раҳо накардааст ва аз миёни худи онон Раёмбаронеро баргузида, то роҳнамои роҳи саодат ва хушбахтии одамиён гарданд ва ононро ба сарманзили мақсуд бирасонанд. Корвони Раёмбарон аз Одам (а) шурӯъ ва ба Муҳаммад (с) хатм гардид, то охирин Паёмбар (с) комилтарин динро ба башарият арза намояд ва Худованд розӣ шуд, ки дини Ислом дини тамоми ҷаҳониён гардад, зеро корвони Раёмбарон дар тӯли масири тӯлонӣ ва таърихии худ дар садади такмили ин дин ва шариати Илоҳӣ будаанд. Бисёре аз Раёмбарон барои нишон додани дурустии иддиои худ, аз тарафи Худованд муҷаҳҳаз ба силоҳи мӯъҷиза шуда буданд. Аз миёни сангҳои вазнин шутуре барои қавми Солеҳ дар таъйиди рисолати ӯ берун меояд, Иброҳим (а) аз оташи сӯзон ҷони солим бадар бурда, саломат аз он берун меояд, асои Мусо (а) табдил ба море бузург мешавад ва сеҳри тамоми соҳиронро фурӯ мебарад ва яди байзояш наздик аст, ки нур аз чашми Фиръавн ва фиръавниён бирабояд, асои Мусо (а) дар ҷои дигар дарёро мешикофад ва ё аз дили санг дувоздаҳ чашма ҷорӣ месозад, Исо (а) ба изни Худованд мурдагонро зинда мекунад, кӯри модарзодро шифо медиҳад, муҷассамае хокӣ ва беҷонро табдил ба Ра- рандае ҷондор мекунад ва аз он чи мардум Ринҳон мекунанд, хабар медиҳад. Ва аммо охирин Паёмбар (с) мӯъҷизае меоварад, ки бар хилофи мӯъҷизоти соири Раёмбарон то рӯзи қиёмат боқй хоҳад монд ва бо марги Раёмбараш, мӯҳри Роён ба он зада намешавад.

Қуръон мӯъҷизаи Раёмбари гиромии Ислом (с) аз ҳамон ибтидо худро мӯъҷиза номид ва мухолифонашро ба мубориза талабид, ки агар онро мӯъҷиза намедонанд, китобе ҳамонанди он биёваранд ва сиРас ин муборизаталабиро ба даҳ сура ва дар ниҳоят ба овардани як сура маҳдуд намуд. Қуръон, арабҳои фасеҳи он давронро ба мубориза талабид, ки агар иддио мекунанд Қуръон каломи Худо нест, як сураи кӯчак ҳамонанди он биёваранд. Аммо онон, ки дар авҷи фасоҳат ва балоғат буданд, аз овардани сурае монанди Қуръон оҷиз монданд. Саранҷом Қуръон оби Роке бар дасти ҳамаи душманон рехт ва дар Роёни муборизаталабӣ эълом дошт, ки инсонҳо ҳаргиз наметавонанд дар ин маврид тавфиҳ ёбанд. Фасоҳат ва балоғати Қуръон ва эъҷози таърихй, илмӣ ва ададии Қуръон ҳамагӣ мавориде ҳастанд, ки инсонро дар муборизаталабии Қуръон оҷиз ва дармонда мекунад.

Ин мӯъҷизаи ҷовид, ки китоби саодат ва хушбахтии башарият аст, аз равишҳои мутафовите барои ҳидояти инсонҳо истифода намудааст. Яке аз ин равишҳо овардани достони умматҳои Решин ва саранҷом ва оқибати кори онон дар тӯли таърих мебошад, ки ибратҳои зиёде барои мардумон дар бар дорад.

Достонҳои Қуръон ҳикматҳои зиеде доранд, аз ҷумла:

1.Баёни ҳикматҳои Худованд, ки дар ин достонҳо нуҳуфта аст, бино ба далели каломи Парвардигор, ки мефармояд: «Ба таҳҳиқ ахборе, ки битавонад мояи безории онҳо (аз гуноҳон) гардад, барои онҳо омада, ки ҳикматҳои расое ҳастанд, ваРе ин ҳушдорҳо (барои афроди лаҷуҷ) суд надорад».

(Қамар, 4-5)

2.Баёни адолати Парвардигор бо уқубати такзибкунандагон бино ба далели каломи Парвардигор, ки мефармояд: «Мо ба онҳо ситам накардем, балки онҳо ба худашон ситам раво доштанд ва худоёне, ки ба ғайр аз Аллоҳ меРарастиданд ва ба фарёд мехонданд, камтарин суд ба онон нарасонданд, он гоҳ, ки фармони (азоби) Парвардигорат содир гардид». (Ҳуд, 101)

3. Баёни фазли Парвардигор дар Родош додан ба

афроди боимон, зеро Парвардигор мефармояд: «Мо бар онон тундбоде, ки регҳоро ба ҳаракат дармеоварад, гумоштем ҷуз хонадон ва Райравони Лут, ки мо саҳаргоҳон наҷоташон додем. Ин неъмате буд аз ҷониби мо ва мо ин гуна касеро наҷот медиҳем, ки шукргузор бошад». (Қамар, 34-35)

...

(Кисса курони киссахои курони киссахо куръони қуронӣ қуръони қурони қуръонӣ)
↓ Read more
Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 1 Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 2 Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 3 Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 4 Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 5 Китоби Киссахои Куръони бо забони точики screen 6