Санъати тасвири (синфи 7) icon

Санъати тасвири (синфи 7)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Санъати тасвири (синфи 7) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 23.06 MB (24,180,509 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.sanati_tasviri_7
OS 4.0 and up

Санъати тасвири (синфи 7) APPLICATION description

Санъати тасвирии халқҳои ҷаҳон роҳи душвору тӯлониро тай
намудааст. Он баробари нахустин ҷамъияти инсонӣ Райдо гашта,
дар ҳамбастагӣ бо он ташаккул ва ривоҷ ёфтааст. Аз оғози Райдоиши
худ инсоният маҳз ба воситаи меҳнат, ривоҷи истеҳсолот
ва маданият, мубодилаи байниҳамдигарӣ, дониш ва таҷрибаҳои
амалӣ ба Решрафт ноил гардидааст. Ҳамкорӣ дар роҳи Решрафт
ба инкишоф ва омезиши маданияту санъати тасвирӣ мусоидат
менамуд. Ба ин маънӣ, санъати Юнони Қадим, санъати Шарқ,
ки дар худ беҳтарин офаридаҳои мардуми Ҳиндустон, Эрон,
Чин, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро омехтааст, дорои арзишҳои
байналмилалӣ мебошад.
Санъати Юнони Қадим бо таърихи ғанию рангини худ
дар сар то сари ҷаҳон маълум аст. Дар сарзамини Юнон, ки бо
манзараҳои зебову рангини водиҳову кӯҳсораш машҳур буд, аз
замонҳои қадим мардони ҳунарманду эҷодкор зиндагӣ карда, он
маданияти ғанӣ ва рангинро ба вуҷуд оварданд, ки ба ганҷинаи
маданияту санъати ҷаҳон дохил шуданд. Аввалин ибодатхонаҳо,
қасрҳо ва дигар осори меъмории Юнони Қадим асрҳои У-1У-и Реш
аз мелод бунёд гардидаанд. Қасри Гера ва Афина то имрӯз ҳам
бо оройиши хосси худ мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар мебошанд.
Юнониҳо дар оройиши қасру ибодатхонаҳо ҳайкалтароширо
фаровон истифода намудаанд. Дар оройиши биноҳо мавзӯъҳои
гуногуни қиссаву ривоятҳо ва корномаҳои қаҳрамонони Юнон
Геракл ва Персей тасвир ёфтаанд. Дар охири асри У-и Реш
аз мелод тарзи нави оройиши рангаи зарфҳо (табақ, кӯза ва
ғайраҳо) хеле авҷ гирифт. Асрҳои У-1У-И Реш аз мелод маданияти
Юнони Қадим ба қуллаи баландтарини худ расид. Дар ин давра
муваффақиятҳос дар соҳаи санъату адабиёт ва меъморӣ ба даст
омаданд, ки он давраи Рави классикии намунавӣ ҳисоб меёбад.
Рассомон ва ҳайкалтарошони зиёде дар Юнон фаъолияти эҷодӣ
менамуданд, лекин дар байни онҳо аз ҷиҳати эҷодкорӣ Мирон,
Поликлет ва Фидӣ нақши арзандатар доштанд. Мирон яке
3
Расми 1. Мирон. Чеҳраи Дискандоз
аз эҷодкорони фаъоли замони худ ба шумор мерафт. Вай дар
асарҳояш образи мардони шуҷоъу далер ва боғайратро таҷассум
намудааст. Хусусан, он дар асари «Дискандоз» ниҳоят образнок
ва равшану Рурмазмун тасвир шудааст (Расми 1).
Дар натиҷаи муборизаҳои таърихӣ дар ин сарзамин бисёр
дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Давраи ҳукмронии Искандари
Макдунӣ номи нав - давраи эллинизмро гирифт. Санъати давраи
эллинизм нафақат дар сарзамини Юнон, балки дар сар то сари
Миср, Осиёи Марказӣ ва қисми шимоли Баҳри Сиёҳ Раҳн шуда
буд.
Бисёр асарҳои офаридашудаи давраи эллинизм нозукию зебоии
хосси симои антиқии гузаштагони юнониҳоро нигоҳ доиггаанд.
↓ Read more
Санъати тасвири (синфи 7) screen 1 Санъати тасвири (синфи 7) screen 2 Санъати тасвири (синфи 7) screen 3