Таърихи дунёи қадим (синфи 5) icon

Таърихи дунёи қадим (синфи 5)

★★★★★
★★★★★
(1.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Таърихи дунёи қадим (синфи 5) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 28.25 MB (29,624,093 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tarihi_dunyoi_qadim_5
OS 4.0 and up

Таърихи дунёи қадим (синфи 5) APPLICATION description

Хонандагони азиз!
Шумо дер боз интизори омӯхтани фанни таърих будед. Инак,
он рӯз ҳам фаро расид. Ин фанро аз оғози соли таҳсили нав то
хатми мактаб мунтазам меомӯзед. Фанни таърих хеле шавқангез
мебошад. ТТТумо каму беш маълумотеро ҳангоми таҳсил дар
мактаби ибтидоӣ ва аз хондани китобҳои гуногун, маҷаллаю
рӯзномаҳо, шунидани радио, тамошои телевизиону кино, нақли
волидон ва калонсолони дигар ҳосил кардаед. Вале ин дониши
шумо аз таърих ҳанӯз кофӣ нест ва талаботатонро қонеъ карда
наметавонад. Омӯзиши Рай дар Райи фанни таърих дониши шуморо
Рурра хоҳад кард.
Калимаи «таърих» маънии ҳаёти гузаштаи инсон ва воқеаю
ҳодисаҳои гузаштаро дорад. Таърих илмест, ки маҷмӯи воқеаю
ҳодисаҳои замони гузаштаро меомӯзад, илмест, ки дар бораи
ҷомеаи инсонӣ аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо баҳс мекунад.
Он, аз ҷумла, сохти давлатӣ ва усули давлатдорӣ, фаъолияти
хоҷагӣ, тиҷорат ва маданияти халқу давлатҳои қадим, макон ва
замони рӯй додани ҳодисаю воқеаҳои гузаштаро инъикос менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ду шохаи таърих таълим дода мешавад: таърихи
умумӣ ва таърихи халқи тоҷик. Таърихи умумӣ таърихи замонҳои
гузашта ва муосири ҷаҳон ва таърихи халқи тоҷик бошад, таърихи
даврони гузашга ва муосири халқи тоҷикро дар бар гирифтааст.
Китобе, ки дар даст доред, таърихи ҷаҳонро аз асри санг ва
Мисри қадиму Бобул то Ҳиндустону Чин, Юнону Бохтар, Порт,
Селевкиёну Кушониён ва Руму Амрикои қадимро фаро мегирад.
Омӯзиши таърихи ин давлатҳо дар Реши назари шумо саҳифаҳои
Рур аз ҳодисаю воқеаҳои аҷонбу ғароиб ва муҳимми таърихиро
ҷилвагар месозад.
Оё шумо медонед, ки таърихи аз замонҳои мо садҳо ҳазорҳо
сол Рештар чӣ гуна ва ба воситаи чиҳо то ба имрӯз омада расидааст?
Китоби дарсии «Таърихи умумӣ (Таърихи дунёи қадим)» дар
ин бора ба шумо маълумот медиҳад.
Агар касе чизеро ба муддати якчанд рӯз дар ҷое ба ҳоли худ
3
гузорад, мебинад, ки дар ин мудцат болои онро қабати тунуки
чангу ғубор Рӯшондааст. Шумо, худатон ин далелро ба осонӣ
санҷида, боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки он воқеан ҳамин тавр аст.
Дар тӯли замонҳои дуру дароз қабати ғафси хок, ки аз ҳамон
қабатҳои чангу ғубор иборат аст, ашё, олоти меҳнат, қасру
биноҳои истиқоматӣ, ҳайкалҳо, тангаҳо, дастхату катибаҳоро
Рӯшонида, дар болои онҳо ҳатто гиёҳу дарахтон сабзида, шаҳру
деҳаҳо бунёд гардидаанд. Аз ҳамин сабаб, осори зиндагии одамони
қадим асосан дар зери замин мондааст.
Як қисми ками таърихи дунёи қадим то ба мо тавассути сарчашмаҳои
хаттӣ омада расидааст, лекин имконияти васеътару
Рурратар омӯхтани онҳо вуҷуд дорад. Бо ин мақсад олимон дар
харобаҳои биноҳо, қасрҳо, мақбараҳо, шаҳрҳои замони қадим
ҳафриёт, яъне ковишҳо мегузаронанд.
Олимонеро, ки ёдгориҳои таърихии гузаштаи дур, аз он ҷумла
дунёи қадимро меомӯзанд, «бостоншинос» («археолог») ва худи
ин шохаи илми таърихро «бостоншиносӣ» («археология») меноманд.
Ин қабил олимон, махсусан барои таърихи дунёи қадим, маводди
басо муҳим Райдо мекунанд.
Ашё ва ёдгориҳои Райдокардаи таърихи дунёи қадим баъд аз
омӯзиши ҳаматарафаи олимони бостоншинос барои намоиш дар
осорхонаҳои таърих ҷой дода мешаванд, то ки мардум, аз ҷумла
насли наврас бо таърихи гузаштаи халқи худ ва халқҳои дигари
ҷаҳон шинос шаванд, онро хуб омӯзанд ва гиромӣ доранд. Охир,
шахсе, ки таърихи замони гузаштаро намедонад, ҳаргиз одами
бомаърифату бофарҳанг буда наметавонад ва ба қадри халқу
ватани худ намерасад. Аз ин рӯ, донистани таърих барои ҳар як
шаҳрванди хурду калони кишвар зарур ва муҳим аст.
Барои осонтар шудани омӯзиши таърихи дунёи қадим китоби
дарсии мазкур ба бобҳо, мавзӯъҳо ва мавзӯъчаҳои алоҳида тақсим
карда шудааст. Аксу суратҳои китоб мазмуни маводди таълимиро
барои шумо боз ҳам Рурратару равшантар мегардонанд.
Дар охири ҳар як мавзӯъ барои санҷиши мустақилона ва
сайқал додани дониши шумо саволу суРоришҳо Решниҳод карда
шудаанд. Шумо метавонед аз онҳо самаранок истифода баред.
Дар охир ба шумо, хонандагони арҷманд, дар омӯзиши таърихи
дунёи қадим барор ва илҳом мехоҳам.
↓ Read more
Таърихи дунёи қадим (синфи 5) screen 1 Таърихи дунёи қадим (синфи 5) screen 2 Таърихи дунёи қадим (синфи 5) screen 3