Таърихи умуми (синфи 10) icon

Таърихи умуми (синфи 10)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Таърихи умуми (синфи 10) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 25.98 MB (27,240,221 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tarihi_umumi_10
OS 4.0 and up

Таърихи умуми (синфи 10) APPLICATION description

Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба охир расид. Дар шикастдодани фашизм
ва ҷангҷӯён халқу миллатҳои тараққихоҳи дунё, бахусус Иттиҳоди
Шӯравӣ, саҳми бузург гузоштанд. Халқҳои ҷаҳон умед доштанд, ки
онҳо ба зиндагии осоиштаву сулҳомез хоҳанд расид. Аммо инсоният
бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ гардид. Меҳвари онҳоро мухолифатҳои
сиёсию идеологии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико ташкил медоданд, ки баъд аз ҷанг ба кишварҳои
абарқудрати ҷаҳон табдил ёфта, амалан сиёсати ҷаҳониро муайян
мекарданд.
Пайдоиши ҷаҳони дуқутба, ташкили Раймонҳои низомию
сиёсии ба ҳам муқобил, тақсими ҷаҳон ва кишварҳои алоҳида ба
доираи нуфузи абарқудратҳо мусобиқаи таслиҳотӣ, ихтирои
навъҳои нави силоҳи қатли ом ва ғайра натиҷаи ҳамин Радидаҳо
буданд.
Нимаи дувуми асри XX ва ибтидои асри XXI марҳалаи инқилоби
илмию техникӣ буд. Кашфиётҳои бузурги илмию техникӣ ба
тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ таъсири бузург расониданд. Воситаҳои
алоқаи байни одамон, халқҳо ва давлатҳо ба дараҷаи сифатан
нави тараққиёти худ расид. Ин ба рушду тараққиёти воситаҳои
нақлиёт, махсусан нақлиёти ҳавоӣ, ба вуҷуд омадани шабакаи
электронии ахбори умум (радио, телевизион), телефоникунонии
оммавӣ, Райдоиши шабакаи ҷаҳонии комРютерӣ (Интернет) ва
ғайра вобаста буд.
Ин марҳала давраи Рурзӯршавии раванди ҷаҳонӣ шудан (глобализатсия)
буд. Ду омили муҳим -таъсиси Созмони Милали Муттаҳид
(СММ) ва аз байн рафтани низоми мустамликадорӣ ба ин раванд
мусоидат карданд. Тараққиёти асри XX дар қатори дастовардҳои
бузурги илмиву техникӣ, ки ба нафъи инсон буданд, ҳамзамон
зуҳуроти манфӣ ба бор овард. Масъалаҳои ифлосшавии муҳити зист,
афзоиши «нуқтаҳои доғ» дар минтақаҳои гуногун, ки дар натиҷаи он
муносибатҳои миллӣ ва иҷтимоӣ тезутунд гардиданд, то имрӯз ба
ҳаёти инсон таҳдид мекунанд.
Китобе, ки ҳоло дар даст доред, аз китобҳои Решина фарқ
мекунад. Сохтори китоб хонандаро аз азёд кардани матн бозмедорад.
Ҳар як ҳуҷҷат, расм ё дигар маводи иловагӣ савол ва суРориш
дорад. Ин амал барои боло бурдани сатҳи фикрронии мустақилонаи
хонандагон равона гаштааст. Дар ибтидои ҳар як мавзӯъ
саволҳо гузошта шудаанд, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои
асосии мавзӯъ ҷалб мекунанд. Шарҳи мафҳум ва истилоҳот дар
матн бо ҳарфҳои сиёҳи ғафстар ҷудо карда шудаанд.
Донишҳои таърихӣ бояд роҳу равиши ҳалли мушкилоти асри
ХХ1-ро нишон диҳанд, ё ақаллан, асоси дарки онҳоро фароҳам
оранд.
↓ Read more
Таърихи умуми (синфи 10) screen 1 Таърихи умуми (синфи 10) screen 2 Таърихи умуми (синфи 10) screen 3