Таърихи халки точик (синфи 10) icon

Таърихи халки точик (синфи 10)

★★★★★
★★★★★
(5.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Таърихи халки точик (синфи 10) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 28.31 MB (29,685,533 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tht_10
OS 4.0 and up

Таърихи халки точик (синфи 10) APPLICATION description

Таърих як қисми хотираи халқ аст. Бо ҳама Растию баландиҳояш.
бо хама хубу бадиҳояш, бо ҳама фардҳои ҷохилу
оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабли қаламкашонаш
боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихй хусусиятҳои худро
дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳою халқҳо. ҳокимону
қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд.
Тоҷик давлатҳои абарқудрату имРераторӣ (Ҳахоманишиёну
Сомониён), мустақилу дар иҳотаи давлатҳои абарқудрат
(Тахористон. Суғд. Ғуриёну Тоҷикистони Шӯравӣ) ва
хурду тобеъ (Тоҳириён, Саффориён. Куртҳо, Сарбадорон)
дошт. Тоҷик инчунин, шоҳони одилу (Анӯшервони Одил,
Исмоил) қаҳрамонҳои беҳамто (Рустам. Исфандиёр, СРитамен.
Муқаннаъ, Восеъ), шаҳрҳои номӣ (Балх, Ҳирот, НишоРур.
Бухоро. Самарканд, Гурганҷ, Хуҷанд) дошт. Ҳамаи
ин номҳо саҳифаҳои дурахшону ҳузнангези халқи тоҷик буданд
ва дониста мешаванд. Бо ҳамаи ин хонандаи мо шинос
аст. Акнун дар ин китоб хонанда боз бо як саҳифаи ба
қаъри таърих рафтаи халқи тоҷик - Тоҷикистони Шӯравӣ,
ки Рур аз тазодҳои сиёсй, иҷтимой, фарҳангӣ ва инсонист
шиносоӣ Райдо мекунад. Китоб, ки солҳои 1917- 1945-ро дар
бар мегирад, давраи бениҳоят Рурмоҷаро. ҳассос, Речидагиҳои
сиёсӣ, иқтисодӣ ва тамаддунии халқи тоҷикро фаро
гирифтааст. Хусусиятҳои хоси ин давраи таърихи халқи
тоҷикро амали назарияи Рролетарии имконияти сохтмони
сотсиализм дар мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва
сиёсӣ қафомонда (ба мисли Тоҷикистони ибтидои асри XX)
ташкил медиҳад, яъне хонандагон дар синфҳои 8 ва 9 - иттилоъ
Райдо карда буданд. ки тоҷикон аз асри ХП1 сар карда,
дар сари қудрат (давлат) набуданд. Дар ҳоле, ки бис-ёр
халқҳои ҷаҳон дар АвруРо ва Осиё давлатҳои мутамаддин
таъсис дода, иқтисодиёту фарҳанги онҳо аз тоҷикон ба садсолаҳо
Реш рафта буд. То соли 1918 тоҷикон дар ҳайати ҳукуматҳои
бегонаРарасту ғосиб (Бухоро. Афғонистон, Русия)
буданд. Сулолаҳои ҳукмрони ин давлатҳо турку (манғиту)
афғонӣ (Раштунӣ) буданд. Ин китоб хонандаро ба равандҳои
таъсисёбии давлатҳои миллии тоҷикон РАСС Тоҷикистон.
РСС Тоҷикистон ва Тоҷикистони солҳои 1917-1945
ва инчунин ба таърихи мухтасари онҳо ошно месозад. Аҷоиботи
дигар он ки таърихчиёну сиёсатмадорони даврони
шӯравй, барои хизмати инқилобҳои солҳои 1917 ва 1920-ро
нишон додан бо овози баланд ҷор заданд, ки тоҷикон баъди
ҳазор соли бедавлат мондан акнун дар даврони шӯравӣ
соҳибдавлат гардиданд. Вале хомӯш аз он ки ҳамеша забони
давлатии ҳукуматҳои туркию Раштунии Бухорою Кӯқанд ва
Афғонистон тоҷикию дарӣ буд. Қисмати дигари тоҷикони
дар Эрону (Хуросон, Систон, Мозандарон) Чин зиндагӣ
мекардагӣ умуман фаромӯш гардида буданд. Дар асри XX
таърихи давлатдории тоҷиконро фақат дар ҳудудҳои Русия
ва мустамликаи он Бухоро ба назар гирифтанду халос. Аз
ин рӯ. дар матни ин китоб аз боби барои чӣ ин тавр ранг
гирифтани масъала ҳам сухан меравад.
Мавзӯи ҳар як даре дар фаслу бобҳо мушаххас оварда
шудааст, ки омӯзгорро аз ҷустуҷӯйи мавзӯи дарсӣ озод мекунад.
Ҳар як дарс бо мавзӯъчаҳо ва саволҳои Рурсишу мустаҳкамкунӣ
таъмин аст. Маводди ин китоб, ки барои муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо Решниҳод
шудааст, аз камбудиҳо орӣ нест. Аз ин рӯ, муаллиф фикру
андеша ва Решниҳоди ҳамаи онҳоеро, ки барои Руррагӣ ва
беҳбудии китоб равона шудааст, бо мамнуният қабул хоҳад
кард.
↓ Read more
Таърихи халки точик (синфи 10) screen 1 Таърихи халки точик (синфи 10) screen 2 Таърихи халки точик (синфи 10) screen 3