Таърихи халки точик (синфи 8) icon

Таърихи халки точик (синфи 8)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Таърихи халки точик (синфи 8) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 31.27 MB (32,786,205 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tht_8
OS 4.0 and up

Таърихи халки точик (синфи 8) APPLICATION description

Таърих илмест, ки аз давраҳои мухталиф оид ба ҳаёти
сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тамаддуну фарҳанги миллатҳо бо роҳу
услубҳои гуногун маълумот гирд меоварад. Таърихнигорон
ахбори гузаштаро аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ
гирифта, онро бо ҳама ғановаташ баррасӣ менамоянд ва тасвири
гӯёи зиндагии ҷомеаҳо ва инсонҳоро дар гузаштаҳои дур
воқеъбинона аз нав эҳё мегардонанд.
Омӯзиши илми таърих барои ҳар шахс муҳим аст, зеро аз
таърих инсон сабақ омӯхта, он чиро ки боиси рушду тараққист,
ба он рӯ меоварад ва он чиро ки боиси ақибмондагӣ хоҳад шуд,
аз он даст мекашад.
Илми таърих барои Решрафти ҷаҳонбинии хонандагон
мусоидат намуда, онҳоро аз гузаштаи Рурифтихори аҷдоди худ,
ки дар фарозу нишеби рӯзгорон бо комёбиву нокомиҳо рӯбарӯ
шудаанд, ба марзҳои таърихии сарзамини аҷдодии худ,
сарнавишти шахсиятҳои маъруфе, ки дар раванди Решрафти
ҷомеаҳо дар гузашта саҳм гузоштаанд, огоҳ месозад.
Акнун шумо аз таърихи халқи тоҷик аз ибтидои асри IX аз
замони ба сари ҳокимият омадани сулолаи Тоҳириён дар
НишоРур (821-873) то миёнаи асри XIV, яъне то ба сари
ҳокимият омадани сулолаи Темуриҳо шиносоӣ Райдо намудед.
Дар ин китоби синфи 8 шумо аз таърихи халқи тоҷик дар
асрҳои XIV- нимаи аввали асри XIX маълумот Райдо мекунед.
Ибтидои асри XIV мутобик ба замони Рош хӯрдани ҳукумати
марказии Ҷағатоиён дар Мовароуннаҳр мебошад. Дар нимаи
дуюми асри XIV муборизаи байни амирон ва хонҳои муғулӣ дар
Мовароуннаҳру Хуросону Эрон шиддат ёфта, боиси комилан
заиф гардидани ҳокимияти хонии муғулҳо дар ин сарзаминҳо
мегардад. Ин омилҳо сабаб мешаванд, ки қудрати идораи
ҳокимиятро дар ин сарзаминҳо хонадони нав, ки асосгузори он
Темуриён буд, ба даст гирад.
Бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ дар ин ҷо дар
бораи чӣ гуна ҳокимиятро ба даст овардани Темурланг дар
маркази Мовароуннаҳр - Самарқанд, хоинона ба қатл расидани
роҳбарони наҳзати мардумии Сарбадорон дар Самарқанд,
ҳуҷумҳои Темурланг ба мамлакатҳои гуногун, қатлу ғорати
мардум ва харобии мамлакатҳо аз дасти Темурланг маълумот
дода шудааст.
ИмРерияе, ки Темурланг дар натиҷаи кишваркушоиҳояш
ба вуҷуд оварда буд, баъд аз сари ӯ бар ҷой намонд. Худи
3
Темурланг низ Рош хӯрдаии имРерияашро Решбинӣ карда буд,
ки ҳангоми зинда буданаш ин сарзаминро миёни Рисарон ва
наберагонаш тақсим кард. Баъд аз Темурланг Шоҳрух, ки
ҳокимиятро ба даст гирифт, бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ
гашта, бо вуҷуди ин беш аз 40 сол ин сарзаминро идора кард.
Аммо Рас аз марги ӯ заволи босуръати давлати Темуриён, ки аз
як марказ (дар замони Темурланг аз Самарқанд ва дар замони
Шоҳрух аз Ҳирот) идора мешуд, оғоз гардид. Бо вуҷуди ин ки
дар зоҳир дарборҳои Самарқанд, Ҳирот, Бухоро ва дигар
шаҳрҳо дар гузашта ҳамчун марказҳои тамаддуну ва фарҳанг
буданд ва адибон, фозилон, донишмандону ҳунармандон ҳамаи
ин марказҳоро Рур мекарданд, ҳомиёни ин табақаҳо андак-андак
қудрати худро аз даст дода, барои дубора неруманд шудан ба
бародаркушӣ Рардохтанд. Қудратталабиҳои Рай дар Рай ва
бешумори Темуриён боиси иваз шудани султонҳо мегашт. Ҳеҷ
намояндае аз ин хонадон набуд, ки дар фикри ба даст овардани
ҳукумат набошад ва бештари онҳо ба муддати на чандон зиёде
дар ин ва ё он вилояти хурд ба қудрат мерасиданд ва раванди
таҷзияи давлатро суръат мебахшиданд. Дар имРерияи як замон
неруманди Темурланг дар нимаи дуюми асри XV бенизомӣ ва
фасод авҷ гирифт. Парокандагии сиёсию иқтисодн, ҷудоихоҳии
ҳокимони вилоятҳои мухталиф ва шиддат ёфтани ихтилофоти
дохилӣ давлати Темуриёнро заиф намуд ва барои мутеъ сохтани
Мовароуннаҳр ба бодиянишинони Дашти ҚиРчоқ шароит
фароҳам овард.
↓ Read more
Таърихи халки точик (синфи 8) screen 1 Таърихи халки точик (синфи 8) screen 2 Таърихи халки точик (синфи 8) screen 3