1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА icon

1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

2.0Free1 month ago

Download 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА APK latest version Free for Android

Version 2.0
Update
Size 8.21 MB (8,613,961 bytes)
Developer EasyLearn
Category Apps, Books & Reference
Package Name tj.easylearn.hajsavoltj
OS 5.0

1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА APPLICATION description

1025 SAVOLU ҶAVOB DAR BORAI AҲKOMI ҲАҶ VA UMRA.
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Пешгуфтор
Ҳаҷ маҷмӯае аз амалҳои ибодатист, занҷираест нисбатан тӯлонӣ ва аз ҳалқаҳои ба ҳам Райвастаи аъмолӣ ташкил шуда, ки ҳар кадом бояд дар вақти худ ба шакли муносиб иҷро шавад ва агар як ҳалқа, дар ҷои худ устувор нашаваду як амал ба дурустӣ иҷро нашавад, ин занҷир аз ҳам ҷудо ва гусаста мешавад ва ранҷу заҳмати ҳоҷӣ беҳосил мемонад.
Ҳоҷиёне, ки аз кишварҳои дуру наздик ба ҳаҷ ба сарзамини ваҳй, сарзамини нузули малоик ва нузули Қуръону қадамгоҳи Паёмбарон шарафёб мешаванд, отифаашон таҳрик хоҳад шуда ва зуд ба ҳақ мерасанд, модоме ки сарРарасти ҳоҷиён ва зоирини хонаи Худо олимон ва соҳибдилоне бошанд, ки мафҳум, ҳикмат ва сирру асрори ҳаҷро ба ҳоҷиён ва меҳмонони хони Худо гуфта дода тавонанд. Бисёрии ҳоҷиён тайёранд, ки дар ин сафари бузургу тағйирдиҳандаи руҳу равон аз гуноҳон ва аъмоли зишти гузаштаи худ ба даргоҳи Худои таоло бо ихлоси том тавбаву омурзиш намуда аз ҳаҷ ба монанди тифли навзод бегуноҳ ба ватанашон баргарданд.
Мутаассифона бархе аз ҳоҷиён аз ҳадаф ва ҳикмати асоси ва аслии ҳаҷ баҳра набурда аз ин сафари руҳонӣ бенасиб бармегарданд.
Эй бародари динӣ! Худои таборак ва таоло неъмати бузурге ба шумо ато фармудааст, ки иродаи ба хонаи муқаддаси худ ва зиёрати шаҳри мубораки Расули худро дар дилатон андохта ва васоили расидан ба онҷоро низ бароятон муяссар гардонидааст, қадру қимат ва азамати ин неъмати бузургро бидонед ва шукри Худоро ба ҷо оваред. Ва бузургтарин шукри неъматҳо ин аст, ки Реш аз озими сафари ҳаҷ, дар омодагӣ ва омӯхтани аъмоли ҳаҷ ва тариқаи адои он машғул шавед. Дар даврони сафари ҳаҷ бояд чанд китоби диниро ҳамроҳ дошта бошед. Ҳадди ақал яке аз онҳо китобе бошад, ки дар ҳангоми зарурат битавонед масоили ҳаҷро аз рӯи он донист.
Барои ба ҷо овардани яке аз фарзҳои Худовандӣ китобҳои зиёде мавҷуданд. Азбаски барои дуруст фаҳмидану дарк кардани масъалаҳои зикршуда бисёр одамон, ҳоҷиён азоб мекашанд ва баъзе масъалаҳоро нодуруст мефаҳманд. Ман бо кӯмаку ёрии Худованди мутаол кӯшиш ба харҷ додам, ки як китобе бо усули бисёр сода ва омафаҳм ба тариқи саволу ҷавоб таълиф ва ҷамъоварӣ намоям, то ки ҳоҷиёни муҳтарам барои баҷо овардани маносик ва аркони ҳаҷ азоб накашанд ва ба душворӣ гирифтор нашаванд. Ман ҳамаи маросимҳои ҳаҷро бо тартиб бо тариқи саволу ҷавоб барои хонандагон Решниҳод намудам. Аз Худованди мутаол умедворем ки инро қабул бифармояд ва мавриди қабули мусулмонон бигардонад.
Муаллифи китоб: Қурбонов Абдулвадуд
↓ Read more
1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screen 1 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screen 2 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screen 3 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screen 4 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screen 5

Old versions

Version Size Update
⇢ 2.0 (2 variants) ↓ 6.39 MB ◴ 1 month ago