Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) icon

Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ)

★★★★★
★★★★★
(5.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 3.09 MB (3,244,036 bytes)
Developer some simpe
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitobi.devon.akhtaroni.adab
OS 4.0 and up

Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) APPLICATION description

Гӯянд, ки адабиёт аз ишқ маншаъ гирифта, сиРас та- моми Раҳлуҳои зиндагии одамиро бар худ фаро хондааст, ки ҳақ асту рост. Ҳамин ишқ аст, ки гунгро гӯё, карро шу- наво, нобиноро бино, нодонро доно намуда, бад-ин васи- ла роҳравони ин роҳро бо ҳама бурду бохтҳояшон ба шоҳроҳи зиндагии ҳамешагӣ ва бардавом равона месо- зад. Яъне, чун ишқ аст, зиндагӣ намемирад ва нахоҳад мурд. Ҳамин аст, ки чун ба адабиёти дарозумри ҷаҳон му- таваҷҷеҳ мешавем ва осори гаронмояи аҳли адабро ва- рақгардон менамоем, Реш аз ҳама ба мавзӯи ишқ рӯ ба рӯ меоем. Ва Реш аз ҳама ишқи Ошиқу Маъшуқа. Дуруст аст, ки одамӣ ба офаридаҳои Худо ба Кайҳон ва ҳамаи ашёи ҷаҳон ошиқона менигарад. Вале ишқи Ошиқу Маъшуқа дар баробари ишқи Илоҳӣ дар осори адабии аҳли қалам ҷойгоҳ ва мақоми вижа дорад. Инро мо дар адабиёти беш аз ҳазору чандинсолаи форс-тоҷик хеле хуб ба мушоҳида гирифтаем. Осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, офаридаҳои сеҳрангези Абулқосими Фир- давсӣ, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Ҳаким Ни- зомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор, Амир Хусрав, Мавло- но Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ... дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои гуногунРаҳлуи иҷтимоии замонҳо моломол аз мавзӯи ишқанд, ишқи Роки инсонӣ, ишқи бо ҳама шодию ғамҳояш созанда.

Яке аз чунин суханвароне, ки ишқро бо тамоми шӯру шааф тараннум намуда, дар гуфтани ашъори ошиқона дар адабиёти мо шуҳратёр гардидааст, шоири ғазалса- рой ва маснавигӯйи мумтози нимаи дувуми асри XV ва нимаи аввали асри ХМ1-и форс-тоҷик Бадриддин Ҳилолии

Астарободӣ мебошад. Доир ба рӯзгори суханвар маълу- моти андаке мондааст. Мувофиқи радду бадали ан- дешаҳои ҳилолишиносони Решин мавсуф тақрибан соли 875 ҳиҷрй (баробар ба соли 1470 мелодӣ) дар Астаробо- ди Хуросон зода шуда, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳ фаро мегирад ва барои такмили дониш, тақрибан соли 897 ҳиҷрӣ (баробар ба соли 1491 ҳиҷрӣ) рӯ ба Ҳирот ме- ниҳад ва ба омӯзиши риштаҳои гуногуни илм машғул ме- гардад. Хушбахтона, Ҳилолӣ замоне ба Ҳирот меояд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Амир Али- шери Навоӣ-Фонӣ (1441-1501) дар қайди ҳаёт буданду ба илму адаб ва фарҳанги кишвар сарварӣ мекарданд. Аз таърихи ба Ҳирот омадани ӯ метавон хулоса намуд, ки ҷавони ташнаи илм тавонистааст суҳбати Мавлоно Ҷомӣ ва Амир Алишерро дарёбад, аз эшон фотиҳаи неки ояндаи худро гирад. Дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Али- шери Навоӣ омадааст, ки «... ҳофизааш хуб аст ва табъаш низ баробари ҳофизаи ӯст. Хаёли сабақ дорад. Умед аст, ки тавфиқ ёбад ва ин матлаъ аз ӯст:
↓ Read more
Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) screen 1 Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) screen 2 Девон ахтарони адаб(Б.Ҳилолӣ) screen 3