Лайлӣ ва Маҷнун icon

Лайлӣ ва Маҷнун

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Лайлӣ ва Маҷнун APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 3.02 MB (3,165,524 bytes)
Developer some simpe
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitobi.layli.va.majnun
OS 4.0 and up

Лайлӣ ва Маҷнун APPLICATION description

Ҳикояти ишқи Қайси Омирӣ - шоири араб ба духтарест ба исми Лаӣлӣ. Ии достон низ монанди «Варқа ва Гулшоҳ» аз адабиёти араб вориди забони форсӣ шуда ва Низомии Ганҷавӣ дар сурудани он чунон ҳунаре аз худ нишон дод, ки Рас аз ӯ бисёре ҳунари худро дар тақлид аз Низомӣ ба рӯҳ мекашиданд.
Дар гузаштае аз сарзамини Арабистон қабилае ба исми Омир зиндагӣ мекард ва Родшоҳе бар онҳо фармонравоӣ мекард. Ин Родшоҳ натанҳо сарвати фаровоне дошт, балки ба меҳмоннавозӣ, бузургиву некӣ ба мардум ҳам машҳур буд. Вале гуссае бузург дошт. Бо вуҷуди издивоҷҳои РаёРай соҳиби фарзанд нашуда буд, ки Рас аз ӯ бар тахт нишинад ва Родшоҳӣ идома дошта бошад. Подшоҳ ба дарвешу фақир мол мебахшид ва ба даргоҳи Худо розу ниёз мекард, то оқибат Худо назари лутф ба ӯ андохт ва ба муродаш расид ва соҳиби Рисаре шуд.

Подшоҳ аз шоди сар аз Ро намешинохт ва дари хазонаро боз кард ва ба маймана ти[I] таваллуди фарзандаш фақирҳову дарвешҳоро аз мол бениёз кард. Подшоҳ исми Рисарро гузошт Қайс. Навзод чеҳраи дурахшандае дошт ва зебоии ӯ забонзади касоне шуд, ки ӯро дида буданд. Басуръат рушд мекард ва вақге ба ҳафтсолагӣ расид, чунон зебо шуда буд, ки мардуми қабила ҳайратзада ва мот мемонданд ва ба даҳсолагй, ки расид, ангуштнамои тамоми қабилаҳо шуда буд.

Падари Қайс ӯро ба мактаб фириетод, то илм биёмӯзад. Қайс дар мактаб бо бачаҳое, ки аз қабилаҳои дигар омада буданд, саргарм шуд ва бо онҳо бозӣ мекард. Духтарҳо ҳам аз қабилаҳои дигар ба он мактаб меомаданд. Яке аз онҳо духтаре буд ба исми Лайлӣ, ки дар зебоиву фиребандагӣ яккаву беҳамто буд. Чашмҳои сиёҳмонанди оҳу ба чеҳрааш ҳолати бемонанде дода буд, ки онро аз модар ба ирс бурда буд ва сурати мисли гулаш зинатбахши мактаб буд.

Қайс то Лайлиро дида, дар ҳамон нигоҳи аввал шефтаву ошиқи ӯ шуд. Аз тарафе духтараки навҷавон ҳам то чашмаш ба Қайси бузургзода афтод, дил ба ӯ дод. Ин боис шуд, ки духтару гшсар ба ҳам наздик шаванд ва тавре бо ҳам унс гирифтанд, ки асло аз ҳам ҷудо намешуданд.

Ҳар руз, ки офтоб тулуъ мекард, Лайлӣ бо чеҳраи дурахшони худ ба мактаб меомад, аммо Қайс тавре ба ӯ дил бохта буд, ки аз шиддати ишқ чеҳраи афрӯхтааш рӯз ба рӯз зарду низор мешуд. Аз тарафе Лайлӣ мехост худро бештар ба Қайс нишоР бидиҳад. Худро меорост, то таннозиву ишвагарии ӯ ба чашми Қайс биёяд ва ӯро шайдо гару ошиқтар кунад.

Қайсу Лайлӣ бо ин ки мӯнису ҳамдами якдигар буданд, тавре рафтор мекарданд, ки розаиюн ошкор нашавад ва дигарон Рай набарад ки онҳо ошиқи ҳам шудаанд. Аммо муддате нагузашт ки достони ишқу дилдодагии онҳо ба сари забонхо афтод. Дуруст, мисли бӯйи мушк, ки намсшавад онро Ринҳон кард ва худашро ошкоро мекунад. Вақте ки кор ба расвоӣ кашиду розашон бармало шуд, Лайливу Қайс ба зоҳир аз ҳам ҷудо шуданд, аммо то фурсате Райдо мекарданд, Ринҳонӣ ба дидани ҳам мерафтанд...
↓ Read more
Лайлӣ ва Маҷнун screen 1 Лайлӣ ва Маҷнун screen 2 Лайлӣ ва Маҷнун screen 3