Таърихи дин (синфи 9) icon

Таърихи дин (синфи 9)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Таърихи дин (синфи 9) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 25.44 MB (26,670,877 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tarihi_din_9
OS 4.0 and up

Таърихи дин (синфи 9) APPLICATION description

Дин чун рукни фарҳанг то ба имрӯз дар ҷомеа таъсир
ва нақши муайяне дорад. Он дар тарбияи маънавию
ахлоқии ҷомеа ва шаклгирии ҷаҳонбинии шахс бевосита
ва ё бавосита таъсир мегузорад.
Дониши васеъ ва мукаммал дар бораи дин доираи
ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, таҳаммулРазирии
ӯро қавй месозад ва дар омӯзиши таърихи фарҳанг кумак
мерасонад. Аз ин лиҳоз ва бо мақсади ташаккули шуури
солими динии ҷомеа таълими таърихи дин муҳим ва зарур
аст.
Дар китоби Решниҳодшуда ба қадри имкон дар бораи
тамоми динҳои бостонӣ ва муосир маълумоти лозимӣ
оварда шудааст. Сохтори китоб мутобиқи усули таснифи
динҳо аз рӯйи умумияти фарҳангиву тамаддунӣ тартиб
дода шудааст. Чунин усул барои таҳқиқот ва шинохти
илмии динҳои гуногун муфид аст. Мувофиқи ин тасниф,
аввал динҳои ибтидоӣ-табиӣ ва қадима, баъдан динҳои
муосир баррасӣ шудааст.Дар навбати худ динҳои муосир аз
рӯйи ҳавзаҳои тамаддунӣ ба се гурӯҳ: динҳои ҳиндуориёӣ,
динҳои чинӣ ва Ховари Дур инчунин динҳои сомӣ тақсим
шудаанд.
Дар қисмати охири китоб дар бораи дину мазҳабҳои
маъруфтарини ғайрисуннатӣ маълумот оварда шудааст.
Инчунин, дар ин китоб бо назардошти нуфузи дини ислом
ва динҳои қадимаи ориёӣ дар фарҳанги миллии мардуми
тоҷик ва умуман тамоми мардуми ориёитабор ва дигар
қавму миллатҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ
маълумоти муфассалтаре ба хонандагон Решкаш шудааст.
Фанни таърихи дин Райдоиш, таҳаввулу Решрафти
динҳои мухталиф ва шохаву равияҳои ақидатӣ, инчунин
маросимҳои онҳоро меомӯзад. Маълумоти муфассал дар
бораи Райдоиш, рушд ва вобастагии онҳо бо ҳодисаву
3
воқеаҳои таърихӣ, барои Райдо намудани тасаввуроти
равшан дар бораи динҳо хеле муҳим аст. Ҳамчунин
таърихи дин робитаи ғоявии таълимоти гуногуни ақидатӣ
ва ахлоқии халқҳоро меомӯзад. Ин таърих собит месозад,
ки фарҳангҳои қавму халқиятҳои гуногун умумиятҳои
зиёде дошта, аз ҳамдигар таъсир ва илҳом гирифтаанд.
Имрӯз низ ин умумиятҳо бояд дар ҷомеаи башарӣ барои
бунёди як фазои таҳаммулРарвар мавриди истифода қарор
гиранд.
↓ Read more
Таърихи дин (синфи 9) screen 1 Таърихи дин (синфи 9) screen 2 Таърихи дин (синфи 9) screen 3