Асосхои бехатарии хает (синфи 7) icon

Асосхои бехатарии хает (синфи 7)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Асосхои бехатарии хает (синфи 7) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 25.88 MB (27,137,821 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.asoshoi_behatari_7
OS 4.0 and up

Асосхои бехатарии хает (синфи 7) APPLICATION description

Китоби мазкур барои дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ таҳия шудааст ва роҳбарони синф метавонанд ҳангоми
таҳияи нақшаи корӣ мавзӯъҳои заруриро вобаста ба шароити
маҳал ва синну соли хонандагон аз он интихоб кунанд.
Дар китоб доир ба «Асосҳои бехатарии ҳаёт» ва роҳҳои аз ҳолатҳои
ногувор, фалокатҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ
ва ғайра маълумот ва тавсияҳо Решниҳод шудааст, ки барои рушди
ҷаҳонбинии хонандагон ва мустаҳкам кардани дониши онҳо
кумак мерасонад.
Ҳар яки мо метавонем дар ин ва ё он нуқтаи сайёраи Замин
бошем. Дар сурати зарури. воситаҳои нақлиёт: ҳавоРаймо,
киштӣ, қатораи суръатнок ё автомобилҳо зуд моро
ба ҷойи даркорӣ бурда мерасонанд.
Қисми зиёди кураи Замин аз тарафи инсоният аз худ карда
шудааст ва ин амал давом дорад. Шаҳрҳо бино мешаванд.
роҳҳои нақлиёт, марказҳои калони саноатӣ таъсис меёбанд.
Қариб нисфи аҳолии кураи Замин дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.
Дар баробари ин, инсоният наметавонад аз табиат,
воқеаву ҳодисаҳои он худро дар канор нигаҳ бидорад. Барои
мисол, мо ба сайругашти боғ ё ба саёҳати кишвари азизамон
ё ба тамошои мамлакатҳои дур мебароем. баъзе одамони
қавиирода Риёда ё бо дучарха ба кишварҳои дур сафар
мекунанд. Дар вақти саёҳат ё истироҳат ба ҳолати ногувор
афтодани ҳар яки мо аз эҳтимол дур нест. Шояд ба сабабҳои
гуногун гоҳе бо табиати ваҳшӣ як ба як танҳо бимонем.
Тараққиёти ҷомеа барои мо ҳама чиз ҷойи зист, воситаҳои
нақлиёт, иттилоот ва имкониятҳои рушдро муҳайё
кардааст. Аммо агар одам дар табиати «бераҳм» бе маҳсулоти
омода -доруворӣ. сарулибос ва ё бе комРас (қутбнамо)
бимонад, худро гум карда. ба воҳима меафтад ва ҳатто ба
ҳалокат расиданаш мумкин аст.
Яке аз вазифаҳои омӯзиши фанни асосҳои бехатарии
ҳаёт дар ҳолатҳои хавфнок ва ғайриодии шароити табиӣ
донистани қоидаҳои зинда мондан ва маҳорату малакаи зарурӣ
мебошад.
Шумо китобро мавриди омӯзиш қарор дода. метавонед
дар бораи вазъиятҳои хатарнок дар шароити танҳоӣ бо табиат,
ки бо онҳо дучор омадани ҳар шахс аз эҳтимол дур
нест, ҳамчунин дар хусуси дар чунин ҳолат чӣ тавр худро
аз оқибатҳои ногувор ҳифз кардан мумкин аст, маълумот
Райдо кунед. Умед аст. ки китоби мазкур ҷиҳати аз бар кардани
дониши нав ба шумо ёрӣ мерасонад. Омӯзиши китоб
3
ба шумо имкон фароҳам меорад. ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои
нохуш ба воқеият баҳои дуруст бидиҳед ва аз ҳама
муҳим. барои ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти худ хулосаҳои дуруст
қабул кунед.
Бо китоб чӣ тавр кор кардан мумкин аст?
Мундариҷаи китобро бодиққат хонед. Номгӯи мавзӯъҳо
ба шумо барои ҳарчи зудтар ёфтани маводди зарурӣ кумак
мерасонад.
Дар вақти мутолиаи китоб бо мафҳум ва истилоҳҳои нав
вомехӯред, ки онҳоро бояд ҳатман дар хотир нигоҳ доред.
Баъди ҳар қисмат «Савол» ва «СуРориш» дода шудааст,
ки онҳо барои санчиши дониш. мустаҳкам кардани малакаю
маҳорати шумо ёрӣ мерасонанд.
↓ Read more
Асосхои бехатарии хает (синфи 7) screen 1 Асосхои бехатарии хает (синфи 7) screen 2 Асосхои бехатарии хает (синфи 7) screen 3