Асосхои иктисодиет (синфи 11) icon

Асосхои иктисодиет (синфи 11)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Асосхои иктисодиет (синфи 11) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 26.52 MB (27,809,565 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.asoshoi_iqtisodiyot_11
OS 4.0 and up

Асосхои иктисодиет (синфи 11) APPLICATION description

Фанни иқтисодиёт дар кулли муассисаҳои таҳсилоти умумии дунё
таълим дода мешавад. Агарчи барномаи ин фан дар ҳамаи кишвархо
якхела нест, амалан ҳамаи барномаҳо ба омӯзиши масъалаҳои асосии
иқтисодиёт: истеҳсолот, мубодила, тақсимот ва истеъмолот равона карда
шудаанд. Дар баробари инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ ва ба вуҷуд омадани
тағйироти куллй дар ҷаҳони муосир бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани
таълиму тарбияи наели наврас зарурати таҳия ва Решниҳоди
китоби нави дарсй барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миён омад.
Дар шароити муосири иҷтимой ва иқтисодӣ таълими фаннитасосҳои
иқтисодиёт дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи махсусро касб карда,
он ба ташаккул ёфтани тафаккури иқтисодии хонандагон ва аз тарафи
онҳо оқилона истифода карда тавонистани донишҳои иқтисодй, ба
вуҷуд овардани заминахо барои таҳсилоти минбаъдаи касбӣ, фаъолияти
амалии ба мақсад мувофиқ ва самаранок нигаронида шудааст. Дар баробари
дигар кишварҳои дунё, ин фан дар мактабҳои миёнаи умумй ва
миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таълим дода мешавад, аммо
мутаассифона, ҳаводорони омӯзиши ин фанни ҳаётан муҳимро мушкилоти
сахте ба мисли набудани китоби дарсй бо забони давлатӣ (тоҷикӣ)
ҳамеша домангир аст. Ҳадафи асосии таҳияи китоби мазкур ҳалли мушкилоти
хонандагон оид ба омӯзиши асосҳои иқтисодиёт мебошад, зеро
инсони аз нигоҳи иқтисодй босавод, қобилияти на танҳо Решниҳод кардани
ғояҳои нав, балки, муайян кардани вариантҳои имконРазир, қабули
қарорҳои самаранокро дар шароити маҳдудияти захираҳо дошта
метавонад. Дар баробари ин китоби мазкур барои толибилмоне, ки дар
оянда хоҳиши интихоб кардани касбу ихтисосҳои ба иқтисодиёт вобастабударо
доранд, кӯмак мекунад.
Азнавсозиҳои иқтисодй дар ҷумҳурӣ аз хонандагон тақозо менамояд,
ки дар шароити бо суръати баланд тағйирёфтаистодаи муҳити иқтисодй
онҳо бояд донишҳои умумиро оид ба иқтисодиёти оила, фирма
(корхона), давлат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз худ карда, маҳорати мутобиқ
шудан ва самаранок фаъолият карданро дошта бошанд.
Дар доираи омӯзиши фанни асосҳои иқтисодиёт ба масъалаҳои ташаккул
додани тафаккури иқтисодии хонандагон аҳамияти махсус
дода мешавад. Бо назардошти ин, таълими фанни мазкур имрӯз қисми
таркибӣ ва муҳими таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Робитаи
мутақобили фанни асосҳои иқтисодиёт бо математика, технологиям
иттилоотӣ, таърих, география ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба хонандагон
имконияти фаҳмиши комилан мувофиқро оид ба ҷаҳони муосир фароҳам
меоварад.
Илми муосири иқтисодй - илми хеле мураккаб ва ташаккулёфтаистода
маҳсуб ёфта, ба моделсозии математикии равандҳои иқтисодй
такя мекунад. Бо истифода аз ин китоб хонандагон донишҳои базисии
иқтисодиро дарёфт карда, минбаъд ба таври доимй дар заминаи сарчашмаҳои
иттилоотии мавҷуда савияи донишҳои худро Рурра мекунанд ва
бо кордонй ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ баҳо дода, озодона ба
тамоюлҳои навини бозор сарфах;м мераванд ва имкониятҳои онро барои
беҳтар намудани некӯаҳволии худ истифода мекунанд.
Ин китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки Донишҳои базисиро оид
ба мафхумҳои асосии иқтисодиёти бозорӣ, механизми рақобат, шаклҳои
ташкили бизнес, ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ, буҷети давлатӣ ва бисёр
дигар ҳодисаҳои иқтисодӣ аз бар карда, дар бораи чи гунагии ҷиҳати
иқтисодии ҳаёт ва дар инкишофи худ ба кадом қонуниятҳо тобеъ будани
он тасаввуроти умумӣ дошта бошанд. Китоби мазкур дар асоси дастовардҳои
навини илми иқтисодӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, нисбати
дигар китобҳои дарсй аз мафхумҳои кӯҳнаи идеолога ва ақидаҳои мутлақ
нисбати ҳодисаҳои иқтисодй озод буда, муаллифон кӯшиш намудаанд,
таълимоти муҳимтарини иқтисодиро ба хонандагон бо лафзи сода
Решниҳод намоянд.
Китоб инчунин бо мақсади Райдо кардани тасаввуроти муайян оид
ба Раҳлуҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити
гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҷаҳонишавии ҳаёти иқтисодй таҳия
шуда, барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
умумӣ Решниҳод мешавад.
↓ Read more
Асосхои иктисодиет (синфи 11) screen 1 Асосхои иктисодиет (синфи 11) screen 2 Асосхои иктисодиет (синфи 11) screen 3