Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) icon

Асосхои интихоби касб (синфи 10-11)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 26.39 MB (27,670,301 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.asoshoi_intihobi_kasb_10_11
OS 4.0 and up

Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) APPLICATION description

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти касбиро ба
сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбй мекунад,
ки он иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони баландихтисоси
коргарӣ таъмин карда, дар рушди иҷтимоию
иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии
шаҳрвандони он саҳми арзанда мегузорад.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Паёми худ ба Маҷлиси Олй таъкид кардаанд: «Дар хотир
бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли
соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро
ба воя расонад, Реш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми
арзандаи худро Райдо кунад».
Омода кардани кадрҳои коргарӣ масъалаи муҳим буда,
заминаи он аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мешавад.
Назрасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор
касби гуногун мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати
илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори
кор ва Решравии ҷомеа теъдоди касб рӯз аз рӯз зиёд шуда,
гуногунии касб ва Райдоиши талаботи бозори истеҳсолӣ ва
касбии муосир ҷавононро ба худ ҷалб намуда, интихоби он
мутахассисони ояндаро ба меҳру садоқат, малакавумаҳорат
ҳидоят мекунад. Дар ин маврид савол ба миён меояд, ки оё
интихоби касб дар байни ҷавонон аз рӯйи хоҳиш ва қобилияташон
ба роҳ монда шудааст? Оё ҷавонон қобилияти интихоби
дурусти касбро доранд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб
Райдо кардан муҳим аст, ки аз овони наврасӣ дар бораи
касбу ҳунар маълумот Райдо кунем. Зеро интихоби касб масъалаи
муҳим ва зарури ҳаётӣ буда, зери назари тавсияҳои
омӯзгорон ва калонсолон рушд меёбад. Маҳз, омӯзгор метавонад
майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандаро
ба инобат гирифта, дар қалби ӯ нисбат ба касби дӯстдоштааш
меҳру муҳаббатро бедор кунад. Бо ин мақсад бояд
дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳои интихоби касб бо
унвони «Ҳамаи касбҳо муҳиманд», «Касби ман - ифтихори
ман», «Кӣ шудан мехоҳй?» ва ғайра ташкил карда шуда, бо
кормандони соҳаҳои гуногун мунтазам вохӯриву суҳбат гузаронида
шавад.
Ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ
бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки
ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.
Вазорати маориф ва илми ҶТ, бо мақсади дуруст ба роҳ
мондани машварати касбӣ, дар байни наврасону ҷавонон
тасмим гирифтааст, ки китоби мазкурро дар асоси таҳлили
вазъи бозори меҳнат омода кунад, зеро Решравии илму техника,
рушди бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ
тарзу усулҳои муосири корбарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори
кор (меҳнат)-ро талаб мекунад. Ба роҳ мондани омӯзиши
4
касбҳои гуногун дар марказҳои таълимй, муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тибқи талаботи бозори
меҳнат мувофиқи мақсад аст. Дар ҷумҳурӣ ҷавонони
боҳунари худомӯз кам нестанд, вале таҳсилот ва шаҳодатномаи
касбй дар бозори муосири кор муаррифномаи мутахассис
мебошад. Аз ин рӯ, гирифтани таҳсилоти тахассусӣ дар
Решбурди фаъолияти кории шумо нақши калон дорад.
Айни замон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
беҳтаргардонии Рояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимй
бо таъмини технология ва таҷҳизотимуосир, муҷаҳҳаз
гардонидани озмоишгоҳҳо, кабинетҳои таълимй, инчунин
омода кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат
чораҳои мушаххас меандешад. Аз ин рӯ, наврасону ҷавонони
болаёқат метавонанд, ки дар корҳои илмию тадқиқотӣ
шуғл варзида, ҳаёти худро ба корҳои илмию омӯзишии
соҳаҳои мухталиф равона созанд.
Умед дорем, ки ин китоб ба шумо бо ёрии омӯзгорон, Радару
модар ва калонсолон дар интихоби касб ва тахассусатон
ҳамчун роҳнамо кӯмак мерасонад.
↓ Read more
Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) screen 1 Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) screen 2 Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) screen 3