Забони немиси (синфи 9) icon

Забони немиси (синфи 9)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Забони немиси (синфи 9) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 25.30 MB (26,531,613 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.zaboni_nemisi_9
OS 4.0 and up

Забони немиси (синфи 9) APPLICATION description

ХОНАНДАГОН ВА ОМУЗГОРОНИ ГИРОМИ!
Шуморо бо огози соли нави таҳсил муборакбодмегӯем!
Дар китоби дарсии мазкур маводи таълим дар шакли матну машқҳои
фонетикӣ, грамматикӣ, коммуникативӣ (муоширатӣ) ва
суратҳо мувофиқи мавзӯъҳо ҷой дода шудаанд.
Китоби дарсӣ бо назардошти РринсиРҳои дидактикӣ ва методии
таълим мураттаб гардидааст. Дар ои татбиқи мақсадҳои амалӣ,
таълимию тарбиявӣ ва такомулии омӯзиш мавриди назар карор гирифтаанд.
Аз ин рӯ, хусусияти амалии таълим ҳам дар омӯзиши
донишҳои лексикию грамматикӣ ва ҳам дар ташаккули маҳорату
малакаҳои намудҳои асосии фаъолияти нутқ зоҳир мегардад. Матнҳое,
ки дар китоби дарсӣ ҷой доранд, дорои хусусиятҳои тарбияи
ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ, ватандӯстию интернатсионалӣ
ва худшиносии миллӣ мебошанд. Ҳангоми иҷрои машқҳои лексикию
грамматикӣ ва нутқӣ фаъолияти нутқи хонандагон инкишоф
ёфта, диққат, хотира ва тафаккури онҳо мустаҳкам мегарданд.
Мактабиён ба малакаҳои муқоиса намудани ҳодисаҳои гуиогун, баровардани
хулосаҳои умумӣ ва изҳор намудани тасаввурот ва ақидаҳои
шахсӣ соҳиб мешаванд.
Ҳодисаҳои грамматикӣ ва лексикӣ бо усулҳои индуктивӣ ва дедуктивӣ
инъикос ёфтаанд. Калимаю ибораҳое, ки бе шарҳи иловагӣ
фаҳмида мешаванд, бо усули индуктивӣ сурат ёфтаанд. зеро он калимаҳо
дар хондани матн ва нутқи даҳонии талабагон кацфаҳмӣ
ба миён намеоранд. Баръакс, калимаю ибораҳое, ки бе шарҳи иловагӣ
мазмунашон ба талабагон нофаҳмост, бо усули дедуктивӣ фаҳмонида
мешаванд. Яъне, муаллим аввал қоидаи истифодаи чунин
ҳодисаҳои грамматикиро мефаҳмонад, онро бо мисолҳо исбот мекунад
ва истифодаи онро дар мант ё нутқи даҳонӣ нишон медиҳад.
Аз ҷумла, эзоҳи ҷонишинҳои «man», «es», «sich», зарфҷонишинҳо ва
гайра, ки дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд, бо усули дедуктивӣ акс
ёфтаанд. Бинобар ин барои мустаҳкам аз худ намудани қоидаҳои
грамматикӣ ба муаллим лозим меояд, ки баъд аз фаҳмонидани ин ё
он крида, онро ҳатман аз кисми «Грамматика»-и китоб барои аз
худ намудан ба талабаҳо вазифа диҳад.
Таълими лугат бо роҳҳои гуногун ба амал оварда мешавад. Пеш
аз ҳама диққати асосӣ барои ба система даровардани фонди лугавӣ
равона мешавад. Калимаю ибораҳои ношинос Реш аз матн бо ми3
солҳои аёнӣ дар ду забон Решниҳод мегарданд. Баьд онҳо дар хори
умумӣ такрор меёбанд. Бо мақсади фаъолсозии калимаҳои нав онҳо
дар ҷумла ва қиссаҳо (ҳикоячаҳо) исРгифода мешаванд. Роҳи дигари
кушоданимаънои калима бо роҳи аёнӣ: мусоҳиба ё нақл азрӯирасм,
ё истифодаи карточкаҳо барои ифодаи амали Рредметҳои ҷондор
Решкаш гардидааст. Дар синфи 9 фаҳмонидани маънои калима бо
ёрии синониму антонимҳо низ мувофиқи мақсад мебошад.
Интихоби матн ва машқҳо бо мақсади самти шифоҳии таълим,
бо назардошти хусусиятҳои давраҳои таълим, синну соли хонандагон,
шароити маҳал ва хусусиятҳои забони модарии мактабиён ба
амал оварда шудааст.
Барои иикишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти нутқ иҷрои машқҳо
дар ду зина Решниҳод мегарданд. Дар зинаи аввал машқҳои
тайёрӣ гузаронида мешаванд, ки онҳо дар самти РринсиРи «аз осон
ба душвор» ба амал меоянд ва характери нисбатан шифоҳӣ доранд.
Масалан, барои инкишофи нутқи даҳонӣ иҷрои машқҳои нутқии
ноРурра, барои хониш - машқ барои техникаи хониш, барои хат
-машқ барои тарзи навишт (графика) ва орфография гузаронида
мешаванд. ЧуниР машқҳоро мо бо рақамҳои 1, 2, 3 қайд намудем.
Дар зинаи дуюммашқҳои ҳақиқии нутқӣ: машқҳо барои хонда фаҳмидан
ва шарҳ додани ҳодисаҳои мухталиф аз матн ва машқҳо барои
инкишофи нутқи хаттӣ гузаронида мешаванд. Чунинмашқҳоро
мо бо рақамҳои 4, 5, 6, 7 ишора намудем, ки иҷрои онҳо характери
эҷодӣ дорад. Вақти иҷрои ин гуна машқҳо алоқаи маълумоти назарӣ
бо амалия (дар мисоли «Оилаи худ», «Деҳаи худ», «Мактаби
худ» ва гайра) ба амал омада, тахаюлот ва худшиносии талабагон
инкишоф меёбад. Фаъолияти эҷодии хонандагон бо роҳи инкишофи
фаъолияти фикрӣ ва эҷодии онҳо, фаъолияти нутқӣ ва ташаббускории
онҳо ба даст меояд.
↓ Read more
Забони немиси (синфи 9) screen 1 Забони немиси (синфи 9) screen 2 Забони немиси (синфи 9) screen 3