Иктисоди бозоргони (синфи 9) icon

Иктисоди бозоргони (синфи 9)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Иктисоди бозоргони (синфи 9) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 27.12 MB (28,436,253 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.iqtisodi_bozorgoni_9
OS 4.0 and up

Иктисоди бозоргони (синфи 9) APPLICATION description

Хонандагони азиз! Тӯли даҳ соли охир Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон
ба муносибатҳои бозаргонӣ рӯй овардааст, ки ин раванд бебозгашт
аст. Ба ҳамаи камбудию норасоиҳои ҷузъӣ нигоҳ накарда, иқтисодиёти
Ҷумҳурӣ аз вазъи бӯҳрон тадриҷан раҳо гардида, собитқадамона ба
сӯи ояндаи худ равон аст. Ин оянда мавриди танзиму идораи оқилона,
фаъолияти ташаббускоронаю судманди соҳибкорӣ, истифодаи боғайратонаву
ҳамаҷонибаи захираҳои мавҷуда, дар амал татбиқ намудани усулу
шаклҳои Решқадами хоҷагидорй,зиндагонии нисбатан осоиштаву некӯаҳволии
баланди дилхоҳро барои сокинони мамлакат муҳайё гардонида, бо
ҳамин васила имкон медиҳад, ки халқи тоҷик дар миқёси тамаддуни башарӣ
мавқеи намоёнро ишғол намояд.
Муаллифони китоб ақида доранд, ки ояндаи неку дурахшони ҳар як
мамлакату миллат ба фаъолияти илмомӯзию меҳнатии ҷавонону наврасони
имрӯза сахт Райванд аст. Ҷомеаи минбаъдаи ҷаҳонӣ аз ҳама Реш равишҳои
дилхоҳи иқтисодиро ба миён оварда, танҳо бо ҳамин шарт дар
ривоҷу равнақи тамаддуни минбаъда ҳиссагузор хоҳад буд. Аммо асосҳои
илми иқтисодиро наомӯхта, марому равиши ҳаёти иқтисодии мардумонро
некбинона ба роҳ намонда, ба натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодию иҷтимоӣ
ноил гардидан аз имкон берун аст. . Китоби мазкур аз чор фасли ба ҳам
Райванд иборат мебошад.
Фасли аввал, ки /ба маънидоди иқтисоду маром ва равиши омӯзиши иқтисодӣ, ҳодисахои
аввалину нахусгишза Роягии илми иқтисодй, ба таври мушаххас ба
тасвир оварда шудаанд. Дар ин қисмат хонандагон мояи тадқиқи иқтисод,
услуби вай, мазмуни муносибатҳои иқтисодӣ, қувваҳои истеҳсолкунанда,
меҳнат, истеҳсолот, қувваи коргарӣ ва монанди инҳоро аз худ мекунанд.
Дар ин Роя онҳо ба омӯзиши равишҳои намоёни иқтисодиёт омода мешаванд.
Дар фасли дуюм бошад, ба масъалаҳои иқтисодиёти хурд, ба монанди
истеҳсолоти молӣ, неъматҳо, арзиш, нарх, Райдошавии Рулҳо, бозор, унсурҳои
марказию таркибии вай, арзаю тақозо, нархи бозорй, қонунҳои
талаботу Решниҳодот, амали механизми бозор, хусусиятҳои хоси бозорҳои
сармоя, меҳнат, захираҳои табиӣ, маводи истеъмол ва хадамот, маснуоти
ақРонӣ, моликият ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, тарзу усулҳои
идоракунии корхонаҳои мухталиф, нақши давлат дар иқисодиёт ва дигарҳо
маънидоду баррасӣ карда шудаанд.
Фасли сеюми китоб ба таснифи масъалаҳои намоёну ҷолиби иқтисоди
бозаргонӣ аз ҷумла: шаклҳои рақобати комилу нокомил дар шароити бозор;
моноРолияҳо-корРоратсияҳои байналмилалй; хароҷоти истеҳсолот,
фоида ва тақсимоти он; муайян кардани нуқтаи безарарии корхона; ташаккули
нархҳои бозорӣ ва намудҳои нарх; муносибатҳои иқтисодии соҳаи
кишоварзй оид ба истифодаи Рурсамари замин, рента нархи замин ва монанди
инҳо бахшида шудааст.
Фасли чоруми китоб ба омӯзиши масоили макроиқтисод нигаронида
шудааст. Дар ин фасл масъалаҳои намоёни иқтисодиёт дар миқёси тамоми
ҷомеа, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолият дар иқтисодиёти миллӣ, шарҳи
муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-маҳсулоти умумии миллӣ, маҳсулоти
умумии дохилӣ, даромади миллӣ, молия, муомилоти Рулҳо, буҷети
давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, даромаду хароҷоти онҳо, беқурбшавии Рул,
андозҳо, биржаҳо, тиҷорати ҷаҳонӣ, содироту воридот, ҳамгироии иқтисодй,
тақсимоти байналхалқии меҳнат, муаммоҳои иқтисодии умумибашарӣ
ва фаъолияти соҳибкорй маънидоду шарҳ ёфтаанд.
Мо умедворем, ки хонандагон оид ба ҳусну қубҳи китоби мазкур фикру
мулоҳизаҳои худро ба суроғаи зайл ирсол намоянд: шаҳри Душанбе,
кӯчаи Деҳотӣ, 12/2, Донишгоҳи давлатӣ тиҷорати Тоҷикистон.
↓ Read more
Иктисоди бозоргони (синфи 9) screen 1 Иктисоди бозоргони (синфи 9) screen 2 Иктисоди бозоргони (синфи 9) screen 3