Ифтихори ватандори (синфи5) icon

Ифтихори ватандори (синфи5)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Ифтихори ватандори (синфи5) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 22.84 MB (23,951,133 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.iftihori_vatandori_5
OS 4.0 and up

Ифтихори ватандори (синфи5) APPLICATION description

Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати
бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан
ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори
мост. Ватанро интихоб ва ё хариду фурӯш намекунанд.
Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст, ки аз ибтидо
ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад. Дар луғатҳо
Ватанро чун ҷойи истиқомат, маконе, ки шахс таваллуд
шуда, камол ёфтааст ва мақому маскан дорад, маънидод
кардаанд. Ҳамзабонони мо гоҳе ба ҷойи калимаи «Ватан»
«Меҳан»-ро низ истифода мебаранд.
Агар модар моро зодаву бо шири сафед Рарварда,
нахустин ҳарфу ҳиҷои забонро ёд додаю роҳрав карда
бошад, Рас Ватан ба сарамон дасти Рурмеҳру навозиш
гузошта, чун фарзанди дилбанд тарбия мекунад.
Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою
ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору
фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу
вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми
намунавию ахлоқи ҳамидаву хониши аъло, дар кӯшишу
талошҳои Райваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва
халқу давлат зоҳир мегардад.
Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем.
Муҳаббат ва садоқати беРоён ба Меҳан, сарафрозӣ аз
гузаштаи Рурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва
дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем, дар
бунёди ҷомеаи шаҳрванди ва давлати милли саҳмгузор
бошем.
Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест
Ба фарзандони бонангу вафодор.
Чу шахсе бекафан мирад, ғаме нест,
Худо, аз беватан будан нигаҳ дор!
Меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, обу хок, ҳар гулу
гиёҳи он дар ашъори адибони гузаштаву имрӯзаи мо он
қадар васф шудааст, ки беҳадду беҳамтост. Адибони
Решин Ватанро хурд ва бузург номидаанд. Ватани умумии
мо Тоҷикистон аст, вале Ватани хурд асосан маънии
зодгоҳ, маҳалли зист ва мавзеи камолоти инсонро дорад.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар васфи Ватан-Модар
барҳақ фармуда:
Маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон шуд Ватани мо,
Уммеди ҳама беватанон шуд Ватани мо.
Чун сар нафарозему тафохур нанамоем,
Шаъну шарафи одамиён шуд Ватани мо.
Садсола кас ин ҷо накунад шикваи Рирӣ,
Бо умри куҳан тозаҷавон шуд Ватани мо.
Хидмат бикунем аз дилу ҷонаш, ки баробар
Бар нархи дилу қимати ҷон шуд Ватани мо.
Бачаҳои азиз, дар ҳақиқат, шумо ҳуқуқи комил доред,
ки бо Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз, бо миллати
соҳибфарҳанги тоҷик, бо забони ширини модарӣ, бо
таърихи ғановатманди ниёгонамон ифтихор намоед.
Х,ифзи дастовардҳои Истикдолияти давлатӣ, амнияту
ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва
ормонҳои мову шумо бошад.
Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон-давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,
дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси
давлатем. Ба кор, манзил, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи
саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин имтиёзҳо ҳифзи
Ватан, ҳифзи табиат ва комёбиҳои даврони Истиқлолияти
давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
↓ Read more
Ифтихори ватандори (синфи5) screen 1 Ифтихори ватандори (синфи5) screen 2 Ифтихори ватандори (синфи5) screen 3