Суруд ва мусики (синфи 4) icon

Суруд ва мусики (синфи 4)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Суруд ва мусики (синфи 4) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 24.07 MB (25,241,373 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.surud_ma_musiqi_4
OS 4.0 and up

Суруд ва мусики (синфи 4) APPLICATION description

Шукри истиқлол, ки бо қадами муборакаш ба ҷумҳурии мо дар ҳама соҳаҳои
зиндагӣ имкониятҳои васеъ ва баҳри сайқали истеъдоду лаёқат заминаҳои мусоид
фароҳам овард. Бо назардошти ин Радидаи муҳим мо тасмим гирифтем,
ки омӯзиши фанни суруд ва мусиқиро дар сатхи дигар ва шакли нав барои
хонандагон ба рох монем, зеро мусиқӣ ба инсон дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ
мунису хамдам буда, ба ӯ қуввату дармон мебахшад.
Мусиқӣ дар хаёти инсон нақши муҳим дорад. Ҳеҷ як ҷашн ва иду айём бе
мусиқӣ баргузор намешавад. Суруди шодию нишот ба кас рӯҳи тозаву илҳоми
нав мебахшад ва дар ҳолатхои душвор мусиқӣ инсонро ба зиндагӣ дилгарм
месозад ва ба роҳи рост хидоят мекунад. Омӯзиши зебоиву нафосат ва тарбияи
зебоишиносии хонандагон, рушди зебоРарастӣ ва ташаккули маърифатнокиву
фархангшиносии онхо низ аз фанни суруд ва мусиқй вобаста аст.
Чунон ки аз КонсеРсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд,
ҷомеаи хукукбунёду демократӣ ба фарохам овардани муҳит ва шароити
мусоид бахри инкишофи шахси солиму ташаккулёфта ва аз ҷиҳати маънавию
ҷисмонӣ обутобёфта нигаронида шудааст.
Саводи мусиқӣ асоси зебоРарастӣ ва дарки ҳиссу эҳсосоти инсонӣ буда,
ягон фарди ҷомеа набояд аз ин илм бебаҳра монад. Ба воситаи дарси мусиқӣ
хонандагон дар мавзӯъхои гуногун шеърҳо аз бар намуда, ҳисси меҳру
мухаббаташонро нисбат ба волидайн, устодон, олами набототу ҳайвонот зиёдтар
ва ифтихори ватану ватандориашонро фузунтар месозанд. Тавассути
шеъру мусиқӣ хонандагон метавонанд хушохангии шеъру шеърхонӣ ва равонию
ширинии забони модариро хубтару беҳтар дарк намоянд.
Дар китобе, ки дар даст доред, 16 суруд гирд оварда шудааст, ки хусусият ва
зарбу усулҳояшон гуногунанд. Ҳамчунин дар интихоби сурудҳо хусусиятхои
синнусолӣ ва зина ба зинаазхудкуниву Решравӣ дар ин самт ба назар гирифта
шудааст. Сурудхо гуногунмазмун буда, дар васфи модару омӯзгор, кишвару
Ватан ва дар васфи баҳору зебоиҳои он, тасвири манзарахои нотакрори табиати
сарзамини биҳиштосои мо офарида шудааст. Як қатор сурудҳои дигар ба
ин ё он ҷашн, ки хисси хештаншиносии толибилмонро бедор месозад, бахшида
шудааст.
Бо мақсади омӯзиш ва тахлили мавзӯъҳои зикргардида суруд ва мусиқии
комРозиторони хушсалиқа Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Миратулло
Атоев, Ҷӯрахон ОбидРур, Қудратулло Яҳёзода ва дигарон интихоб шудаанд.
Мусиқии сурудҳо хушохангу дилнавозанд, ки аз сурудани онҳо Реш аз хама
худи хонандагон ҳаловат мебаранд. Дар китоб сурудхое оварда шудаанд, ки
вазни шеъру мусиқӣ бо ҳам мутобиқ буда, оҳангашон равону гӯшнавоз аст.
Ин аст, ки аз бар намудани онҳо барои хонандагон ягон мушкилие Реш намеорад
Магни сурудҳо низ баландмазмуну оммафаҳм аст ва зуд дар хотири
толибилмон нақш мебанданд.
Таълими фанни суруд ва мусиқӣ омӯзгорро вазифадор менамояд, ки барои
инкишофи хаматарафаи малакаи хонандагон, мусиқидонии онҳо аз
имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дарсҳои мусиқиро аз ҷиҳати методӣ
дуруст ва шавқовар ташкил намояд.
Талаботи омӯзиши фанни суруд ва мусиқӣ талаб менамояд, ки:
• шунавоии мусиқавӣ ва ҳис кардани ритм мунтазам инкишоф дода шавад;
• дарки хуби маҳорати сарояндагии хонандагон сайқал дода шавад;
• тарбияи ташаккули овозии хонандагонро таъмин намояд;
• баҳри рушди сифатҳои хуби овозхонӣ, аз қабили овози мулоим, форам,
ҷарангосӣ ва хиссиёти сарояндагии хонандагон бештар диққат дода шавад;
• ба дарки мазмуни шеър, талаффузи дуруст ва буррои калимаҳо эътибори
ҷиддӣ дода шавад.
Дар соли хониш мувофиқи соатҳои ҷудошуда бояд 9 суруд аз бар карда шавад.
7 суруди боқимонда дар китоб замима шудааст, ки дар баъзе мавридҳо
мувофиқи мавзӯъ, аз рӯйи диди омӯзгор ба ҷойи яке аз сурудҳои ҳатмӣ истифода
шуданаш мумкин аст.
Азбаски дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва
русӣ эътибор дода мешавад, лозим донистем, ки аз синфи чор cap карда, дар
китоб яктоӣ суруд бо забонҳои англисӣ ва русӣ ҷой дих,ем. Омӯзгори суруд
метавонад бо ҳамроҳи омӯзгорони забонҳои англисӣ ва русӣ ин сурудҳоро ба
хонандагон омӯзонад.
↓ Read more
Суруд ва мусики (синфи 4) screen 1 Суруд ва мусики (синфи 4) screen 2 Суруд ва мусики (синфи 4) screen 3