Технология (синфи 7) icon

Технология (синфи 7)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Технология (синфи 7) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 23.70 MB (24,852,253 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.tehnologiya_7
OS 4.0 and up

Технология (синфи 7) APPLICATION description

Дар ҷараёни омӯзиши касбу хунар шумо ба давоми
технологияи (тарзи) коркарди чӯбу тахта ва филизот,
маданияти корҳои таъмирӣ, тарҳҳои сохтмонӣ, касбу ҳунари
ниёкон шинос мешавед ва мустақилона тарҳҳои эҷодии
дилхоҳатонро мувофиқи фаслҳои барнома интихобан
иҷро менамоед.
Хусусиятҳои омӯхтани «Технологияи коркарди чӯбу
тахта» аз он иборат аст, ки шумо ба хосияти физикию
механикии чӯбу тахта, ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ
ва афзори дуредгарӣ ошно шуда, технологияи Решқадамро
меомӯзед ва маснуоти ҳаётан муҳимро дастӣ ва дар дастгоҳи
харротӣ сохта метавонед.
Дар фасли «Технологияи коркарди филизот», Реш аз
ҳама, ба таснифот ва коркарди ҳароратии Рӯлод, намудҳо
ва таъйиноти теғҳои харротӣ, идораи дастгоҳи харротии
рахРечбур ва фрезерӣ шинос шуда, маснуоти заруриро
месозед.
Дар фасли «Касбу ҳунари миллӣ» бофтан аз масолеҳи
табиӣ Решниҳод мегардад, ки он яке аз ҳунарҳои мардумӣ
ба ҳисоб меравад. Ин боб шуморо бо масолеҳ ва хусусияти
онҳо ошно сохта, навъҳои бофтанро меомӯзонад.
Дар фасли «Маданияти корҳои таъмирию сохтмонӣ»
идомаи корҳои андовакуниро омӯхта, бо технологияи ба
девор часРонидани зардеворӣ шинос мешавед.
Эҷодкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон зарур
аст. Маҳз тавассути эҷодкорӣ ҷамъият Реш мераваду рушд
мекунад, яъне техника ва технологияҳои нав эҷод мегарданд.
Эҷодкорӣ доим ба ҳаёт ва тафаккури мо тағйирот
ворид месозад ва барои такмили дониш кумак мерасонад.
Натиҷаҳои иҷрои тарҳҳои эҷодӣ бояд воқеӣ бошанд, го ки
талаботи гузошташударо қонеъ гардонанд. Мо умедворем,
ки шумо - хонандагон аз уҳдаи ин кор сарбаландона
мебароед.
↓ Read more
Технология (синфи 7) screen 1 Технология (синфи 7) screen 2 Технология (синфи 7) screen 3