Хукуки инсон (синфи 10) icon

Хукуки инсон (синфи 10)

★★★★★
★★★★★
(0.00/5)

1.0Free5 years ago

Download Хукуки инсон (синфи 10) APK latest version Free for Android

Version 1.0
Update
Size 31.58 MB (33,117,981 bytes)
Developer Китобхои фаннии точики
Category Apps, Books & Reference
Package Name com.kitob.huquqi_inson_10
OS 4.0 and up

Хукуки инсон (синфи 10) APPLICATION description

Хонандагони азиз!
Шумо дар синфҳои 8 ва 9 асосҳои давлат ва ҳуқуқро омӯхта, дар бораи
сохти давлатии мамлакати мо, ӯхдадориҳо ва масъулияти ҳар як инсон ва
шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа чизҳои бисёреро аз худ намудед.
Дар ин соли таҳсил шумо, чун дигар хонандагони синфҳои болоии
мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, фанни нав - “Ҳуқуқи инсон”-
ро меомӯзед.
“Ҳуқуқи инсон”... Шумо бо ин калимаҳо шояд бори аввал дучор
намеоед. Онҳо дар барномаҳои телевизион ва радио садо медиҳанд, дар
саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд ба чашм мерасанд. Конститутсияи
(Сарқонуни) мамлакати моро кушоед. Дар оғози он шумо мехонед, ки
“Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлноРазиранд”
(моддаи 5) ва андаке баъдтар боби алоҳидаро дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва
вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мехонед. Ба масъалаҳои риоя ва
ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бисёр созишномаҳои байналмилалӣ бахшида
шудаанд. Воқеан, “ҳуқуқи инсон” чист? Ва чаро дар айни замон, сарфи
назар аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар байни халқҳои
мамлакатҳои гуногун ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон чун яке аз
муҳимтарин сангҳои маҳаки тамаддуни инсонӣ дониста мешавад?
Умедворем, ки китоби дарсии мо барои Райдо кардани ҷавоб ба ин савол
ба Шумо кӯмак мерасонад.
Ҳарчанд қисми зиёди китоби дарсӣ ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ
бахшида шудааст, тасдиқ кардан хатост, ки ҳуқуқи инсон танҳо ба
масъалаҳои қонунгузорӣ ва истифодаи он дахл мекунад. Мафҳуми ҳуқуқи
инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро
арзишҳои ахлоқие ташкил медиҳанд, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ,
ривоятҳои қадимии халқҳои гуногун, ғояҳои мутафаккирони гузашта, аз
ҷумла гоҷику форс сарчашма мегиранд.
Аммо дар дунё муносибат ба ҳуқуқҳои инсон якранг нест ва ин зуҳурот
Реш аз ҳама ба он сабаб арзи вуҷуд кардааст, ки ба ҷуз аз арзишҳои умумии
ахлоқӣ дар ҳар ҷомеа арзишҳои алоҳидаи танҳо ба вай хоси дар раванди
инкишофи Решинааш ташаккулёфта мавҷуданд. Ба ин тариқ, дар Раси
ҳар кадоме аз фарқиятҳо дар муносибат ба ҳуқуқҳои инсон ҳамеша
фарқиятҳо дар муқаррароти арзишӣ меистанд ва дарку фаҳмиши моҳият
ва сабабҳои онҳо барои ҳар касе, ки ғамхорӣ ба Ватан - Тоҷикистонро
қарзи худ меҳисобад, басо муҳим аст. Умедворем, ки китоби дарсии мо ба
шумо дар муносибат ба ин масъалаҳо хирадмаидӣ ва эҳсоси масъулият
меомӯзонад.
Эҳсоси масъулиятшиносӣ боз аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки ҳуқуқҳои
инсон ҳамеша маҳдуданд. Махдудиятҳои махсус, масалан, дар ҳолатҳои
офатҳои табиӣ, фалокатҳои техногенӣ ва ё эРидемияҳОи калон ҷорӣ карда
мешаванд. Ҳатто дар ин ҳолатҳо ҳам дараҷаи чунин маҳдудиятҳо аз
доираи муқарраркардаи қонуни махсус берун буда наметавонад ва
ҳуқуқҳои нисбатан муҳим набояд махдуд гарданд. Дар ҳолати муқаррарӣ
ҳам фаромӯш кардан лозим нест, ки ҳуқуқҳои инсон аз ӯҳдадориҳо дар
назди ҷомеа ва давлат ҳаргиз ҷудо нестанд ва барои мо дар байни ин
ӯхдадориҳо аз ҳама асосиаш вайрон накардани ҳуқуқҳои дигарон аст.
Тасаввурот дар бораи ҳуқуқҳои инсон ягон чизи тагйирноРазир нест,
онҳо якҷоя бо Решрафти инсоният ташаккул ёфта буданд ва имрӯзу фардо
низ инкишоф меёбанд. Шумо аз китоби дарсй батафсил мефаҳмед, ки он
чӣ гуна ба амал омадааст ва баъд ба хулосаи муҳиме меоед, ки ҳамаи
ҳуқуқҳои инсон тақсимнашаванда, вобастаи ҳамдигар ва ба якдигар
алоқамандаид.
Амалишавии ҳуқуқҳои инсон ба ташаккули шахсият вобастааст.
«Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷои худро дар ҷомеа
муқаррар кардан мехоҳанд. Дар Реши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд
овардани оила, Райвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят, дарёфтани
мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо Райдо мешаванд. Ҳамаи
ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд», - таъкид
кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон дар мулоқот
бо ҷавонони мамлакат.
Фаромӯш накунед; ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Решрафту инкишофи
минбаъдаи он чун давлати Руриқтидори демократӣ, ки риоя ва ҳимояи
ҳуқуқҳои инсонро барои ҳама кафолат медиҳад, аз мавқеи фаъолонаи
шаҳрвандию ҳаётии шумо вобастааст.
↓ Read more
Хукуки инсон (синфи 10) screen 1 Хукуки инсон (синфи 10) screen 2 Хукуки инсон (синфи 10) screen 3